Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни Путин дар бораи шаҳрвандиро қабул кард: тафсилоти тағйирот

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Ваколатҳои президент барои муайян кардани гурӯҳҳои шахсоне, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳақ доранд, васеъ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни президент дар бораи шаҳрвандиро дар қироати аввал қабул кард.
Ин ҳуҷҷат талаботро нисбат ба беш аз 20 гурӯҳи ашхос барои пазириш ба шаҳрвандии Русия коҳиш дода, салоҳияти президентро барои муайян кардани гурӯҳҳое, ки муносиби дарёфти шаҳрвандии Русияанд, васеъ мекунад, менависад РИА "Новости".
Қонун номгӯи мафҳумҳоро васеъ мекунад, ки баъзеи онҳо қаблан вуҷуд надоштанд.
Масалан, шаҳрвандии чандкарата пайдо мешавад, мавҷудияти шаҳрванди Русия дар давлати хориҷие, ки Русия бо он созишномаи байналмилалӣ дар бораи душаҳрвандӣ набастааст.
Илова бар ин, дар қонуни нав мафҳуми волидайн – ин "мард ва зан, падар ва модари кӯдак" мебошад, ворид шудааст. Шиноснома метавонад дар шакли ҳуҷҷат ҳам дар шакли қоғазӣ ва ҳам электронӣ дода шавад.
Тартиби додан ва бозхонд кардан, шартҳои додан ва номгӯи маълумоти биометрии шахсӣ барои ҳуҷҷати электронӣ заруриро ҳукумат муайян мекунад. Интихоби шаҳрвандии Русия ҳангоми тағйири сарҳади давлатии Русия низ барои гирифтани шаҳрвандӣ асос мегардад.
Церемония вручения российского паспорта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар гирифтани шаҳрвандии Русия пешқадаманд
Кӯдаки хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд метавонад шаҳрванди Русия шавад, агар ӯ дар киштӣ ё ҳавопаймое таваллуд шуда бошад, ки ба Русия мансубияти миллӣ дорад ва шаҳрвандии давлати дигарро нагирифта бошад.
Ин қонун ҳамчунин муқаррар кардааст, кӯдаке, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба фарзандӣ гирифта мешавад, шаҳрвандии Русияро нигоҳ медоранд.
Талабот барои гирифтани шаҳрвандии Русия дар маҷмуъ бетағйир боқӣ мемонад: истиқомати доимӣ дар Русия, уҳдадории риояи Конститутсия, донистани забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар мебошад.
Дар шакли содашуда шаҳрвандии Русияро шаҳрвандони Беларус, Украина, Молдова ва Қазоқистон гирифта метавонанд.
Бе риояи шарти муҳлати иқомат дар Русия шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи қарордод дар қувваҳои мусаллаҳи Русия ва дигар воҳидҳои низомии Русия на камтар аз панҷ сол хидмат кардаанд, мақоми шаҳрвандӣ дода мешавад.
Шахсоне, ки дар ин кишвар хешовандони наздик доранд, метавонанд дар шакли содашуда шаҳрвандии Русияро ба даст оранд. Худи ҳамин муқаррарот ба онҳое низ дахл дорад, ки дар ҳудуди империяи Русия ё ИҶШС (дар сарҳади давлатии Русия) ба таври доимӣ сукунат кардаанд.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Казакова гуфт, кадоме аз муҳоҷирон метавонанд шаҳрвандии Русия гиранд
Бо таҷдиди "институти эътироф ба сифати шаҳрванд" шахсоне, ки дар қаламрави Русия (РСФСР) то 6 феврали соли 1992 таваллуд шудаанд, имкон доранд, ҳамчун шаҳрванди Русия эътироф карда шаванд; шахсоне, ки ақаллан падар ё модаронашон дар рӯзи таваллудашон шаҳрванди ИҶШС буда, дар ҳудуди он доимӣ истиқомат доштанд, низ ба ин гурӯҳ дохил мешаванд.
Ҳамчунин ваколатҳои президент барои муайян кардани гурӯҳҳои шахсоне, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳақ доранд, васеъ карда мешаванд.
Кишвардор метавонад категорияи чунин ашхосро "на танҳо бо ҳадафҳои башардӯстона, балки барои ҳама гуна ҳадафҳои дигар" муайян кунад, менависад манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0