Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Русия доруи нав алайҳи коронавирусро сабти ном кард

© Pexels/ Michelle LemanЧеловек держит таблетки на ладони
Человек держит таблетки на ладони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Феълан ин дору барои одамони то синни 18-сола ва занони ҳомила тавсия дода намешавад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия боз як доруи зидди коронавирусро сабти ном кардааст. Ҳамин тариқ, доруи "Ковипир"-и истеҳсоли ширкати "Фармасинтез" ба феҳристи давлатии доруворӣ ворид карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин дору дар шакли капсула мавҷуд буда, 4 апрел ба қайд гирифта шудааст.
Шаҳодатномаи аз ҷониби Вазорати тандурустӣ додашуда 1 январи соли 2023 ба охир мерасад.
Дар тавсифи дору гуфта мешавад, ки он барои бемориҳои миёна ва сабук дар калонсолон, аз ҷумла бемороне, ки гирифтори COVID-19-и шадиданд, пешбинӣ шудааст.
Лечение пациентов с Covid-19 в красной зоне больницы города Рассказово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия доруи нав алайҳи коронавирус сабти ном шуд
Дар айни замон "Ковипир" барои одамони то синни 18-сола ва ҳомиладорон тавсия дода намешавад.
Дар охири моҳи март Вазорати тандурустии Русия як доруи дигареро дар асоси молнупиравири "Лагеврио" сабти ном кард. Моҳи апрел дар Русия аввалин ваксинаи димоғӣ дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол вирусологҳо ҳушдор медиҳанд, ки мавҷи омикронҳои пинҳонӣ метавонад дар аввали моҳи май дар Русия оғоз шавад. Гузашта аз ин афзоиши гирифторӣ ба коронавирус аз ҳисоби омикрони пинҳонӣ нисбат ба дигар штаммҳои COVID-19 тезтар хоҳад буд.
Хуруҷи коронавируси COVID-19 бори аввал дар охири соли 2019 дар Чин ба қайд гирифта шуд. Манбаи сироят шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин будааст.
Олимон муайян карданд, ки ангезандаи коронавируси нав як штамми қаблан номаълуми SARS-CoV-2 будааст. Аломатҳои асосии коронавирус табларза, сулфа, тангии қафаси сина ва мушкилии нафаскашӣ мебошанд. Эҳтимол меравад, ки ин вирус ба одамон аз мор ё кӯршапаракҳо гузаштааст.
Бинобар тавсеаи ин вирус дар ҷаҳон 11 марти соли 2020 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пандемияи сартосарӣ эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0