Раиси Шӯрои уламо гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд

© Sputnik / Амир ИсаевПохороны Бозора Собира, Председатель Совета улемов Таджикистана муфтий Саидмукаррам Абдукодирзода
Похороны Бозора Собира, Председатель Совета улемов Таджикистана муфтий Саидмукаррам Абдукодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, киҳо, тибқи шариати ислом, метавонанд рӯза нагиранд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққатест, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд.
Бинобар ин шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст, гуфтааст ӯ дар суҳбат бо "Ховар".
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумлаи чунин узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд.

"Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст", - зикр кардааст Абдуқодирзода.

Гурӯҳи дигаре, ки ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо, метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ варзанд, мусофирон мебошанд.
"Тибқи қарори Шӯрои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба ноҳияи дурдасттарин сафар мекунад ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат бо дарназардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад", - афзуд мавсуф.
Рамазан–2022 в Таджикистане:
расписание поста по дням - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Рамазон - 2022: тақвими рӯза
Номбурда гуфт, занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст, дар робита гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.
Аммо ба гуфти Абдуқодирзода, вақте ки узри шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешавад.
Мавсуф мегӯяд, шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад, бо додани фидяи савм ба ниёзмандон аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани фидя фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи қарори Шӯрои уламо, соли ҷорӣ фидяи савм 420 сомонӣ барои як моҳи мубораки Рамазон аст.
Ӯ аз тоҷикистониён даъват кардааст, ки дар ин моҳи муборак бояд рафтору ахлоқи нек доштаву бо атрофиён ҳалиму меҳрубон бошанд ва саховатмандиву ғамхориро дар авлавиятҳои кори худ қарор диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0