Дар Ӯзбекистон филиали донишгоҳҳои Тоҷикистон таъсис меёбанд

© Sputnik / Рамиз БахтияровФлаги Узбекистана и Таджикистана
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Ҳамчунин дар донишгоҳи Бухоро шуъбаи забони тоҷикӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон филиали макотиби олии Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон филиали донишгоҳҳои Ӯзбекистон таъсис дода мешаванд.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ба мувофиқа расидаанд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла тарафҳо масоили эътирофкунӣ (нострификатсия)-и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигарро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро муҳокима шудааст.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд
Дар баробари ин сиёсатмадорон таъсиси факултаву филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва филиалу факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷуёни ҳар ду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шуморидаанд.
Лентаи хабарҳо
0