Омодагии Эрон дар табдили заминҳои хашхош ба киштзори маҳсулоти кишоварзӣ дар Афғонистон

CC BY-SA 3.0 / Dgolnik / Трактор Беларус, архивное фото
Трактор Беларус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафорати Эрон дар Афғонистон эълон кардааст, омодааст, ба Кобул дар ҷиҳати табдили мазореи хашхоши он ба заминҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ кумак кунад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сафорати Эрон дар Афғонистон зимни истиқбол аз тасмими давлати толибон дар хусуси мамнуияти кишту харидуфурӯши маводи мухаддир омодагии Эронро барои ҳамкорӣ ҷиҳати тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти ҷойгузин дар Афғонистон эълом кард.
Сайидрасули Мусавӣ, дастёри вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки иҷро шудани мамнуияти кишти кӯкнор дар Афғонистон осори иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии амиқе дар ин кишвар ва иқтисоди сиёҳи ҷаҳон хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мулло Ҳибатуллоҳ Охунд, раҳбари толибон бо як фармони худ кишти тамоми анвои маҳсулотеро, ки аз он барои тавлиди маводи мухаддир истифода мешавад, мамнуъ эълом кард.
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Манбаъ: Ширкати ҳавоии Афғонистон тасмим дорад, парвозҳояшро ба Русия ба роҳ монад
Тибқи ин фармон, истеъмолу интиқол, харидуфурӯш, воридоту содирот ва коргоҳҳои тавлиди ҳар гуна маводи мухаддир дар саросари Афғонистон мамнуъ аст.
Бояд гуфт, фармони мазкур дар ҳоле содир мешавад, ки дар муддати 20 соли ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон тавлиду кишти маводи мухаддир дар ин кишвар ба сурати бесобиқае афзоиш ёфтаву Афғонистон ба унвони бузургтарин кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир 90 дарсади тарёки ҷаҳонро таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0