Изҳори ҳамдардии Путин ба наздикони Жириновский

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в церемонии открытия памятника Е. Примакову в Москве
Президент РФ В. Путин принял участие в церемонии открытия памятника Е. Примакову в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русия ба хонаводаи Владимир Жириновский изҳори ҳамдардӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин вобаста ба даргузашти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия ба хонаводаи сиёсатмадор паёми ҳамдардӣ фиристод, иттилоъ додааст сомонаи Кохи Кремлин.
Путин дар паёмаш таъкид кардааст, ки ҷаноби Жириновский барои ташаккул ва рушди парламентаризм дар Русия корҳои зиёде анҷом додааст.
Қаблан Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия хабар дода буд, ки Владимир Жириновский пас аз бемории тӯлонии вазнин аз олам чашм пӯшид.
Вай гуфт, ки Владимир Жириновский сиёсатмадори ботаҷриба, шахси фаъол, дар муошират ошкоро, суханвари дурахшон буд.
Руководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна буд
“Муассис ва раҳбари доимии яке аз қадимтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ташаккул ва рушди парламентаризми Русия, қонунгузории дохилӣ, самимона талош мекард. Дар ҳалли ҳадафҳои муҳимтарини миллӣ саҳмгузор буд”, - гуфта мешавад дар паёми таслияти Путин.
Роҳбари Русия таъкид кард, ки Жириновский ҳамеша дар баҳсҳои шадидтарин мавқеи ватандӯстона дошт ва аз манофеи Русия дифоъ мекард.
"Мо хотираи нек ва дурахшони ӯро нигоҳ медорем. Лутфан таслияти маро ба хонавода ва наздикони Владимир Волфович расонед", - илова кардааст Путин дар паёми ҳамдардиаш.
Лентаи хабарҳо
0