Иқтисоддон гуфт, кай нархи маводи ғизоӣ дар Русия поин меравад

© PixabayТележка для продуктов в супермаркете
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Афзоиши арзиши баъзе молҳоро харидорон ба вуҷуд оварданд: аҳолӣ ба воҳимафтода маҳсулотро аз рафҳои мағозаҳо "рӯфта" гирифт, афзоиши талабот боиси якбора боло рафтани қимат гардид
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Нархи маводи ғизоӣ дар Русия пас аз 2-3 моҳ коҳиш меёбад. Дар ин бора директори Институти тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия, иқтисоддон Алексей Зубетс дар суҳбат бо радиои Sputnik хабар дод.
Вай таъкид кард, ки таҳкими қурби рубл дар баробари доллар ва евро боиси поин рафтани қимати коло хоҳад шуд.

"Ҳамин фурӯшандагон мебинанд, ки мардум ба харидани мол бо нархи гарон омода нестанд, мусобиқаи поинравӣ оғоз мешавад, онҳое, ки аввалин шуда, нархро поин мебаранд, пул кор мекунад", - таъкид кард иқтисоддон.

Ба гуфтаи ӯ, ба тиҷорати Русия вақт лозим аст, то қурби асъори хориҷӣ ва логистика ба эътидол ояд.
Иқтисоддон бар ин назар аст, ки дар боло рафтани нархи баъзе молҳо харидорон гунаҳкоранд. Аҳолӣ воҳимазада ба харидани маҳсулот шитофт, талабот боиси афзоиши арзиши онҳо гардид.
"Вақте ки навбат вуҷуд дорад, ҳар як фурӯшандаи муқаррарӣ нархҳоро боло мебарад", - гуфт Зубетс.
Вай қайд кард, арзиши молҳое, ки боиси сарусадоҳо шуданд, дар ҳафтаҳои оянда коҳиш хоҳанд ёфт. Ин раванд аллакай оғоз шудааст.
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
"Дигар нархи марҷумак, рӯғани офтобпараст боло намеравад, талабот ҳам коҳиш меёбад ва қимат ҳам поин меравад. Дар бозори шакар ду ҳафта пас талабот кам мешавад ва фурӯшандагон маҷбур мешаванд, ки нархҳоро поин баранд", - афзуд иқтисоддон.
Дар навбати худ мудири Донишкадаи сиёсати тиҷоратии Мактаби олии иқтисод, доктори илмҳои иқтисод Александр Данилтсев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки поин рафтани арзиши маҳсулот дар Русия ба сиёсати мақомот низ вобаста аст.
Агар механизми рақобат хуб кор кунад, ин ба ҷилавгирӣ аз болоравии нарх ва каме ақибнишинӣ оварда мерасонад, мегӯяд коршинос.
Қаблан "Ведомости" бо такя ба маълумоти "Росстат" аз болоравии то дударсадии нархҳо дар Русия хабар дода буд.
Чунин падида аз соли 2008 ба ин сӯ бори аввал аст, ки рӯй медиҳад.
Ба эътиқоди коршиносон, халалдор шудани мувозинати тақозо ва пешниҳод, мушкили таъмини мол, поин рафтани қурби рубл ва маржаи фурӯшандагон боиси якбора боло рафтани нархҳо шуд.
Лентаи хабарҳо
0