Боз як кишвари дигари аврупоӣ омодааст, бо рубл гази Русияро харад

© Sputnik / СтрингерГазодобывающее предприятие
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як кишвари дигари аврупоӣ изҳори омодагӣ кард, ки пешниҳодҳои Маскав дар мавриди қарорҳо дар бахши энержиро мепазирад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳукумати Маҷористон омодааст, гази Русияро бо рубл бихарад. Дар ин бора нахуствазирин кишвар Виктор Орбан хабар додааст.

"Мо дар пардохт бо рубл мушкиле надорем. Агар русҳо талаб кунанд, ки бо рубл пардохт кунем, мо омодаем, ин корро анҷом диҳем", - афзудаст ӯ.

Қаблан вазири умури хориҷии Маҷористон Петер Сиярто гуфта буд, ки Будапешт дар бораи ҷузъиёти фаннии пардохти манобеи энержӣ бо "Газпром" кор мекунад.
Ҳамчунин вазири иқтисоди Словакия Ричард Сулик гуфта буд, ки ин кишвар наметавонад аз гази Русия даст кашад ва дар сурати зарурат омодааст, онро бо рубл харидорӣ намояд.
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Латвия мегӯяд, пардохти гази Русия бо рубл низоми таҳримҳоро вайрон намекунад
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанноварӣ ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои бегона бо рубл ташкил кунанд.
Дар баробари ин Владимир Путин таъкид намуд, ки ҳаҷми таъминот, нархҳо ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир мемонанд.
Лентаи хабарҳо
0