Путин дар кишварҳои фақир қаҳтӣ пешгӯӣ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Президент Путин мушкил шудани вазъи дастрасӣ ба ғизо дар кишварҳои фақирро истисно накард
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Баъзе кишварҳо кӯшиш хоҳанд кард, ғизо бихаранд, ки ин вазъ дар кишварҳои фақирро душвортар мекунад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин гуфт.

"Кишварҳои мутараққӣ кӯшиш мекунанд, ки беш озуқа харидорӣ кунанд, ба худ кашанд ва ба ин васила, албатта, онҳо ногузир камбуди ғизоро дар фақиртарин минтақаҳои ҷаҳон афзоиш медиҳанд", - гуфт Путин дар ҷаласаи дастгирии кишоварзӣ.

Ӯ афзуд, ки бо ин амалашон кишварҳои мутараққӣ мавҷҳои нави муҳоҷиратро бармеангезанд ва дар маҷмуъ нархи боз ҳам баландтари ҷаҳонии озуқаро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамчунин Путин гуфт, Ғарб мекӯшад, хатоҳои сиёсати иқтисодиро бар дӯши Русия вогузорад.
Ӯ қайд кард, ки дар ду соли охир вазъ дар бозори ҷаҳонии озуқаворӣ бадтар шудааст.
Президент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Путин сабаби гаронии қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳонро гуфт
"Маҳз дар ду соли ахир иштибоҳҳо дар сиёсатҳои иқтисодӣ, энержӣ ва ғизоии кишварҳои пешрафта боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон шуд. Ва вазъ танҳо дар ҳафтаҳои ахир бадтар гардид", - таъкид кард Путин.
Вай қайд кард, ки дар пасманзари ҳадди ақалли таъминоти ғизоӣ дар ҷаҳон таҳримҳои нав ҷорӣ мешаванд: кори корхонаҳо ва таъминоти логистикии интиқоли нуриҳо аз Русия ва Беларус манъ шуда, истеҳсоли нуриҳои дохилӣ аз сабаби гаронии нархи гази табиӣ коҳиш меёбад.
Ин ҳам натиҷаи амали кишварҳои ғарбӣ буд, афзуд раҳбари Русия.
Лентаи хабарҳо
0