Русия гуфт, барои чӣ Амрико Имрон Хонро муҷозат кардааст

© POOL / Гузариш ба медиабонк74-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН в Нью-Йорке. День третий
74-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН в Нью-Йорке. День третий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия эълом кардааст, ки Амрико нахуствазири Покистонро ба далели лағв накардани сафари худ ба Маскав муҷозот кардааст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Русия дар баёнияе эълом кардааст, ки Амрико ва мутаҳидони ғарбии он Имрон Хон, нахуствазири Покистонро зери фишор қарор доданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Ғарб мехост, Имрон Хон сафари худ ба Русияро, ки дар моҳи феврал сурат гирифт, лағв кунад.
Дар идомаи ин баёния омдааст, дар остонаи сафари Имрон Хон ба Русия Доналд Лу, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури ҷануби Осиё бо эҳзори сафири Покистон дар Вашингтон хостори лағви фаврии ин сафар шуда буд, ки рад шуд.
Вазорати умури хориҷии Русия афзуд, вазъияти пас аз сафари нахуствазири Покистон ба Русия нишон медиҳад, Амрико тасмим гирифтааст, Имрон Хонро ба далели нофармонӣ муҷозот кунад, бар ҳамин асос дархости адами эътимод ба нахуствазири ин кишвар ироа шуд.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Чаро Имрон Хон барканор шуд?
Дар ин баёния ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин як талоши шармовар аз сӯйи Амрико бар мудохила дар умури як кишвари мустақил ба манзури дастёбӣ ба аҳдофи худхоҳонаи худ аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Покистон парлумон ва кобинаи ин кишвар мунҳал шуд.
Имрон Хон қаблан гуфта буд, мақомоти амрикоӣ ба вай ба хотири мавозеаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор дода ва ҳатто таҳдиди барканорӣ аз қудратро матраҳ кардаанд.
Имрон Хон бар асоси Қонуни Асосӣ то замони таъйини сарпараст ба симмати нахуствазирӣ идома хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0