Теъдоди дақиқи нафақахӯрон дар Тоҷикистон маълум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города
Дедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Авоили соли 2022 дар ҷумҳурӣ афзоиши назарраси теъдоди шаҳрвандони ба синни нафақарасида ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди нафақахӯрон зиёд шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, то моҳи январи соли 2022 шумораи умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ 749,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Афзоиши шумораи шахсоне, ки ба синни нафақа расидаанд, дар 5 сол 13,5 фоизро ташкил дод.

"Ба сари ҳар нафақахӯр 3,4 шаҳрванди бо кор таъмин ва 1,7 кироякор рост меояд ", - гуфт Маҳмадуллозода.

Ҳамин тариқ синну соли миёнаи сокинони ҷумҳурӣ тадриҷан меафзояд ва дар давоми 10 соли охир 1,7 сол - аз 25 ба 26,7 расидааст, яъне тамоюли афзоиши аҳолӣ мушоҳида мешавад.
Дар Тоҷикистон маоши камтаринро кишоварзу ҷангалбон мегирад: баландтаринро кӣ?
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронияш дар парлумон рӯзи 21 декабри соли 2021 дар бораи афзоиши нафақа, кумакпулӣ ва маош эълон кард.
Кишвардор рӯзи 13 январ ин фармонро имзо кард. Ин фармон аз 1 июли соли 2022 иҷроӣ мешавад.
Ин ба кормандони сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ дахл дорад.
Лентаи хабарҳо
0