Танҳо як рӯз: тоҷикистониён имкон доранд, ройгон ташхис шаванд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от коронавируса
Вакцинация от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳафтуми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ аст ва ба ин муносибат тоҷикистониён имкон доранд, ройгон аз муоинаи табибон гузаранд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба муносиабти Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ тасмим гирифта шуд, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро бидуни маблағ аз муоина гузаронанд.
Ба гузориши Вазорати тандурустӣ, чунин имконият танҳо рӯзи ҳафтуми апрел мавҷуд аст ва ба аҳолии кишвар профессорону мутахассисони баландихтисос хидмат мерасонанд.
Маълум шуд, чанд фисади аҳолии Тоҷикистон аз COVID - 19 эмин шудааст: омори тоза
Манбаъ меафзояд, дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе аз соати 8.00 то соати 14.00 дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологӣ хидмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.

"Ҳамчунин хидматрасонии мазкур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва ташхис ба таври ройгон анҷом дода мешаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва хидматрасониҳои ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
Лентаи хабарҳо
0