Дар боздоштгоҳи муваққатии Тула 6 муҳоҷири тоҷик бар сар мебарад

© Намояндагии Вазорати меҳнат дар РусияМуҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Тула
Муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатии Тула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия рӯзҳои наздик панҷ коргари муҳоҷири тоҷике, ки дар боздоштгоҳ қарор доранд, ба Ватан ихроҷ мешаванд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар боздоштгоҳи шаҳри Кимовскийи вилояти Тула шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд, хабар медиҳад намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонТоҷикистон дар Русия.
Ба иттилои манбаъ, ба аёдати шаҳрвандони боздоштшуда намояндагони ин ниҳод рафта, бо шароити нигаҳдории онҳо шинос гардидаанд.
Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Вазорати меҳнат гуфт, муҳоҷирони баргашта ба Ватанро чӣ интизор аст
Гуфта мешавад, кормандони намояндагӣ бо роҳбари боздоштгоҳи мазкур Сергей Владимирович Тертичий суҳбат намуданд ва масъалаи ҳарчи зудтар омода шудани ҳуҷҷатҳои онҳо ва бозгардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ шуд.
Манбаъ меафзояд, аз миёни шаҳрвандони тоҷик танҳо ба як нафаре аз онҳо аз сӯйи намояндагии дипломатӣ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан ба таври ройгон таҳия гардидааст.
Ҳамакнун гуфта мешавда, бо мусоидати сафорат панҷ шаҳрванди Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 19 апрел ба Ватан фиристода мешаванд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати меҳнат чанде пеш эълон карда буд, муҳоҷироне, ки ба Ватан бармегарданд, ҳатман бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Ба гуфтаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Нурулло Маҳмадуллозода дар Тоҷикистон барномаи давлатии пуштибонӣ аз шаҳрвандоне, ки тоза аз дигар кишварҳо бармегарданд, амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0