NYT аз ихтилофи назар дар НАТО бар сари равобити оянда бо Маскав мегӯяд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксФлаги стран участниц у штаб-квартиры НАТО в Брюсселе, архивное фото
Флаги стран участниц у штаб-квартиры НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба навиштаи ин нашрия, кишварҳои Соҳили Балтик ва Лаҳистон қатъи комили муносибатҳо бо Русия исрор мекунанд, вале роҳбарони як қатор давлатҳои дигар дар ин хусус андешаи мутафовит доранд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Миёни кишварҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ ихтилофҳо дар мавриди боз ҳам барқарор кардани равобит бо Русия дар пасманзари авзоъ дар атрофи Украина вуҷуд доранд.
Дар ин бора рӯзномаи "New York Times" бо такя ба манбаъҳояш менависад.
Қайд мешавад, ки Лаҳистон ва кишварҳои Соҳили Балтик ҷонибдори қатъи комили равобит бо Маскав ҳастанд ва ба “талошҳое, ки Русияро ба зону мешинонанд”, даъват мекунанд.
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ҳушдори Рогозин ба НАТО: Фаромӯш накунед, ки мо аз кайҳон шуморо назорат мекунем
Дар ҳамин ҳол Фаронса, Олмон ва Туркия зарурати идомаи тамос бо Русияро эълон мекунанд.
Ҳамин тавр раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки сиёсати худ дар мавриди идомаи муколама бо Владимир Путинро дуруст медонад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Учения Rapid Trident-2021 на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Дар Туркия фурӯпошии НАТО-ро ба далели ғарби Украина пешгӯӣ карданд
Пас аз оғози амалиёти вижа, Русия ва Украина чанд даври музокироти рӯ ба рӯ анҷом доданд. Ҳайатҳо инчунин чанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Бо вуҷуди ин то ҳол натиҷаҳои мушаххас ба даст наомадаанд.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор кишварҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд ва вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ маҳдуд кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0