Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Интиқоди Лавров аз пешниҳодҳои нави Киев

© МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рааҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия аз пешниҳодҳои нави мақомоти Украина, ки манфиатҳои Маскавро ба инобат намегиранд, интиқод кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Киев бо пешниҳоди лоиҳаи созишномаи нав бо хориҷшавӣ аз муқаррароти дар Истамбул муқарраршуда нотавон будани худро дар музокирот нишон дод.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.

"Дирӯз ҷониби Украина лоиҳаи созишномаи худро ба гурӯҳи музокира пешниҳод кард, ки дар он аз муҳимтарин бандҳои дар ҷаласаи рӯзи 29-уми март дар Истамбул тасвибшуда дурӣ ҷустаанд" - гуфт ӯ.

Сухан дар бораи мавқеъ дар бораи мақоми бетараф ва ғайриҳастаии Украина меравад, ки дар робита ба ин машқҳои низомӣ дар қаламрави ин кишвар бояд бо ризоияти ҳамаи давлатҳои кафил, аз ҷумла Русия баргузор шаванд.
Аммо дар санади нав на ҳама, балки аксари кишварҳо, ба истиснои Русия, номбар шудаанд.
Ба қавли сиёсатмадор, чунин амалҳо нишон медиҳанд, ки Киев мехоҳад бо дастури Вашингтон ба хотири идомаи амалиёти ҷангӣ ҷараёни раванди музокиротро халалдор созад.
Глава российского МИД Сергей Лавров прокомментировал ситуацию вокруг Бучи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Лавров иғво дар атрофи Бучаро ҳамлаи фейкӣ хонд
Бо вуҷуди ин, Лавров афзуд, Маскав сарфи назар аз ҳама иғвоҳо, музокиротро идома дода, тарҳи созишномаи худро, ки талаботи калидиро пурра ва дақиқ баён мекунад, пешбарӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо чаҳор мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор карданд, мулоқотҳо низ онлайн баргузор мешаванд.
Ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский раҳбарӣ мекунад. Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Белjрус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ҳузур доштанд.
Ба ҳайати Украина вазири дифоъ Алексей Резников, раиси фраксияи "Хизматгори халқ" дар Верховная Рада Давид Арахамия ва мушовири раиси дастгоҳи президент Михайло Подоляк шомиланд.
Илова бар ин, рӯзи 10 март дар ҳошияи форуми дипломатӣ дар Анталия мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба баргузор шуд.
Дар Истамбули Туркия рӯзи 29 март як мулоқоти навбатии рӯбарӯ баргузор шуд, ки дар пайи он дар расидан ба тавофуқ аз пешравиҳои назаррас гузориш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0