Баъди ҳафт моҳи қулфбандӣ: "Намаки Ашт" дубора ба кор сар кард

© Василий БатановДобыча соли
Добыча соли  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Пас аз нашри хабарҳо дар мавриди кор накардани "Намаки Ашт" ин корхона дубора ба фаъолият оғоз кард, дар ҳоле ки ҳудуди ҳафт моҳ дари коргоҳи мазкур баста буд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд корхонаи "Намаки Ашт" дубора фаъол шуд. Ҷамшед Ёрматов, директори иҷроияи ҶСК “Намаки Ашт”-и ноҳияи Ашт дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъди ҳафт моҳи “танаффус” дар оғози ҳафта фаъолияти корхона дубора аз сар гирифта шуд.

“Масъулини ҳукумати ноҳия ва вилоят иҷозат доданд, ки корхона ба кор шуруъ кунад. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият ба Вазорати саноат ва технологияи нав ирсол шуд, дар ҳоли баррасӣ қарор доранд”, - гуфт Ёрматов.

Хабари аз кор бозмондани бузургтарин коргоҳи тавлиди намак ҳафтаи гузашта дар сархати расонаҳо қарор дошт. Масъулин сабаби вазъро бино ба охир расидани муҳлати эътибори иҷозатнома ва тафтишу муҷозоти мақомоти ин коргоҳ арзёбӣ карда буданд.
Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2021 аз сӯи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод “Намаки Ашт” мавриди тафтиш қарор гирифта, барои бидуни иҷозатнома фаъолият намуданаш мақомот ин коргоҳро беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷарима намуданд.
Соль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Бузургтарин корхонаи истеҳсоли намак дар Тоҷикистон аз кор монд: сабаб
ҶСК “Намаки Ашт” яке аз бузургтарин коргоҳҳои тавлидӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз замони шӯравӣ ба ин тараф мунтазам кор мекард. Соли 2008 он аз сӯйи коршиносони байналмилалӣ сазовори Ҷоизаи маҳсулоти дорои сифати беҳтарин дониста шуд.
Иқтидори солонаи “Намаки Ашт” то 10 ҳазор тонна намаки ошии йодшуда аст ва маҳсули кори он ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ содир мешуд.
Ин коргоҳ ҳамасола то 1, 5 миллион сомонӣ ба буҷаи ноҳияи Ашт молиёт пардохт мекард.
Директори “Намаки Ашт” гуфт, дар замони аз фаъолият бозмондани корхона шуморе аз коргарон бе шуғл монда, ба муҳоҷират рафтаанд. Ҳоло онҳо талош доранд, коргарони нав пайдо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0