Қазоқистон марзҳои заминияшро ба рӯйи ҳамсояҳояш боз мекунад

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото
Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Қазоқистон бо таваҷҷуҳ ба беҳбуди вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар марзҳояш бо ҳамсояҳоро пурра боз мекунад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Аз 11 апрел маҳдудиятҳои убури сарҳади давлатии Қазоқистон барои хориҷиён дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қирғизистон аз миён бардошта мешаванд.
Илова бар ин тамоми маҳдудиятҳо барои убури марзи Қазоқистон тавассути ҳавопаймо барҳам мехӯранд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ин кишвар
Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи байниидоравии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ин кишвар иттилоъ додаанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, барои хориҷиёне, ки қасди вуруд ба ин кишварро доранд, доштани шаҳодатнома бо натиҷаи санҷиши манфии COVID-19 ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дарёфти пурраи ваксинаи зидди коронавирус ҳатмист.
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Хатсайр ҳаст, интизори оромием. Муҳоҷирон аз боз шудани марз бо Русия истифода мекунанд?
Муовини нахуствазири ин кишвар Ёралӣ Туғжанов дар суханронии худ таъкид кард, ки масъалаи кушодани сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимии шахсии Тоқаев қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия низ аз 30 март маҳдудиятҳои убури марзҳои заминияш ба Қазоқистонро бекор кард.
Ӯзбекистон низ марзҳои заминияшро бо ҳамсоягонаш, аз ҷумла Тоҷикистон боз намуд.
Интизор меравад, ки дар пайи бардоштани ин маҳдудиятҳо сафар аз Тоҷикистон ба Русия имконпазир гардад.
Лентаи хабарҳо
0