Қаноатмандии вазир аз ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф

© пресс-служба Совета Федерации РФФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири маориф аз сатҳи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгороне, ки аз Русия ба кишвар омадаанд, суҳбат кард.
Дар ин бора Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин дидор дар доираи сафари кории вазири маориф ба ноҳияи Кӯшониён ва боздид аз мактаби президентӣ сурат гирифтааст.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии Вазорати маориф, Саидзода бо омӯзгорони фанни забони русӣ, ки аз Русия ҷалб гардидаанд, суҳбати пурмуҳтаво оростааст.

"Вазири маориф аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия дар самти маориф ва илм қаноатмандӣ изҳор намуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин Саидзода, бо ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ ҳидоят додааст.
Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣ
Ҳамчунин масоили ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба мактаби президентӣ низ аз мавзуъҳои матраҳшуда будааст.
Манбаъ афзуда, ки ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити хуб дар хобгоҳ ва ошхона, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас додааст.
Дар Тоҷикистон теъдоди омӯзгорони рус зиёд мешавад
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар чорчӯби лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар Тоҷикистон 48 нафар аз омӯзгорон фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин феълан дар Тоҷикистон бунёди панҷ мактаби русӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0