Содироти маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНитки на хлопкоперерабатывающем предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Нитки на хлопкоперерабатывающем предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ нишондиҳандаи назарраси содироти нассоҷӣ аз моҳи январ то февралро эълон кард
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Давоми ду моҳи соли 2022 Тоҷикистон содироти нассоҷиро афзоиш додааст.
Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми содироти нассоҷӣ ва маснуоти аз ин мавод омодашуда беш аз 20% афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ин гуна молҳо ҳудуди 70 миллион доллар даромад гирифт.
Дар баробари ин пахта дар хориҷа аз ҳамаи маҳсулот дида, серхаридортар шуд. Ҷумҳурӣ ҳудуди 75 дарсади маблағи зикршударо (ҳудуди 52 миллион доллар) аз ин бахш дарёфт кардааст.
Чунин маълумот шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти маводи нассоҷиро 20% зиёд шудааст.
Ҳамчунин харидорӣ аз хориҷи кишвар давом дорад. Ҳаҷми воридот дар моҳҳои январ ва феврал ҳудуди 18 миллион долларро ташкил медиҳад.
Поле хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тоҷикистон аз фурӯши пахта беш аз 52 миллон доллар даромад гирифт
Бояд гуфт, кишвар маҳсулоти тайёри бофандагии дорои арзиши баланди иловагиро мехарад. Вазорати саноат қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сегменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беш аз 40% афзоиш ёфтааст.
Дар кишвар аз ҳисоби истеҳсоли матоъ (30 фоиз), қолин ва маҳсулоти қолинӣ (2,1 баробар) натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст.
Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, кишвар тасмим гирифтааст, ки содироти нассоҷиро то 20 дарсад афзоиш дода, аз фурӯши он беш аз 90 миллион доллар дарёфт кунад.
Пештар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нишондиҳандаи кишти пахта дар соли 2022-ро пешгӯӣ карда буд.
То аввали моҳи апрел аллакай дар майдони 17,2 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0