Тоҷикистону Русия дар остонаи ифтитоҳи "долони сабз"-и тиҷоратӣ

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксНа рынке в Душанбе. Архивное фото
На рынке в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск масъалаи таъсиси як платформаи ягонаи рақамӣ барои воридоту содирот дар доираи "долони сабз"-ро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тоҷикистон омодааст, меваю сабзавоти барвақтиро аз ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии кишвар ба Свердловск содир кунад.
Дар назар аст, ки содироти сабзавоту меваҷот ба Урали Миёна аз вилоятҳои Хатлону Суғд, ки дар ин умур пешқадаманд, дар ояндаи наздик зиёд мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар охири соли 2021 ҳаҷми умумии табодули коло миёни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон 50 миллион долларро ташкил додааст.
Орешки и сухофрукты на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Тоҷикистон хостори афзоиши содироти маҳсулот ба Русия шуд
Дар ин бора зимни музокироти консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода ва соҳибкорони ватанӣ бо муовини раиси вилояти Свердловск Василий Козлову раҳбарони ширкатҳои мурғпарварии Русия иттилоъ дода шуд.
Илова бар ин аз ҷониби директори Агентии содироти Тоҷикистон Шавкат Бобозода масъалаҳои содирот матраҳ шуд.
"Мо мехоҳем масъалаи тавсеаи тиҷорат бо Русия ва минтақаҳои он дар доираи "коридори сабз", таъсиси платформаи ягонаи рақамиро дар амал татбиқ намоем", - гуфт Бобозода.
Ӯ таъкид кард, ки барои ин абзорҳои молии боэътимод ва шаффоф вуҷуд доранд.
Ба гуфтаи раиси Ожонси содирот, тавлидкунандагони тоҷик ба интиқоли колоҳои Русия, ташкили корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳ доранд.
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Дар Тоҷикистон воридоти мол аз содирот ба таври қобили мулоҳиза бештар шудааст
Алексей Фролов, сардори Раёсати гумруки Урал қайд кард, ки дар ин минтақа барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷумла тавассути барасмиятдарории гумрукии колоҳои зудвайроншаванда бо Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, иқтидори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми мавҷуда ба маротиб бештар аст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи намоишгоҳҳои байналмилалии ИННОПРОМ ва "Бохтар" табодули намояндагиҳои тиҷоратӣ ташкил кунанд.
Лентаи хабарҳо
0