Тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия рекорд гузоштанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПаспорта РФ в процессе производства
Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, гирифтани шаҳрвандии ин кишвар миёни муҳоҷирон дар соли 2021 назар ба соли қаблӣ 12% афзудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Шумораи хориҷиёне, ки дар соли 2021 шиносномаи русӣ гирифтаанд, дар тӯли беш аз 20 сол рекордӣ буд. Дар ин бора хабаргузории "Lenta.ru" бо истинод ба шабакаи "FinExpertiza" хабар медиҳад.
Таҳлилгарон пас аз омӯзиши маълумоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ҳисоб кардаанд, аз 735,4 ҳазор нафаре, ки шиноснома гирифтаанд, беш аз нисфи ё 376 ҳазор нафарашон зодагони Украина, асосан аз ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск мебошанд.
Дар навбати худ беш аз 103 ҳазор нафар аз Тоҷикистон тавонистаанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, ки 14%-ро ташкил медиҳад. Муҳоҷирон аз Қазоқистон низ ҳиссаи бузургеро, ки тақрибан 7% ё 50 000 шиносномаи нави Русия доранд, ташкил медиҳанд.
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуни Путин дар бораи шаҳрвандиро қабул кард: тафсилоти тағйирот
"FinExpertiza" нишон медиҳад, аксари онҳое, ки мақоми шаҳрвандӣ гирифтаанд, аз тариқи вилояти Ростов, Маскав ва вилояти Маскав, инчунин дар Санкт-Петербургу вилояти Ленинград ба ин мақом даст ёфтаанд.
Қаблан сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова гуфта буд, ин идора афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, мушоҳида кардааст.
Ба гуфтаи вай, "ҳамватанон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон, ки дар қаламрави ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд, асосан барои дарёфти шаҳрвандӣ ҳуҷҷат месупоранд".
Лентаи хабарҳо
0