Зарбаи дугонаи Аврупо ба Русия чӣ посухе хоҳад дошт?

© AFP 2022 / GERARD CERLESФлаги стран ЕС
Флаги стран ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аслан тааҷҷубовар нест, ки англосаксонҳо - ИМА ва Британияи Кабир мехоҳанд, ҷанг дар Украина то ҳадди имкон идома ёбад: онҳо дар аввал манфиатдор буданд, ки ба Русия "Афғонистони дувум" дода, ба мо аз берун кашидани Украина аз занҷири ғарбӣ монеъ шаванд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik, Петр Акопов. Ё ҳадди аққал моро водор созанд, ки қимати ҳаддиаксариро пардохт кунем. Дар ин роҳ проблемаи дуюмро ҳам ҳал мекунанд, онҳо таъсири худро ба Аврупо аз ҷиҳати геополитикӣ зиёд карда, ҷаҳони куҳнаро боз ҳам вобастатар мекунанд. Аврупо дар ин вазъият қурбонии таҳдиди афсонавии Русия нест, балки қурбони як бозии хеле мушаххаси англосаксонӣ мегардад.
Агар ин бофти оддиро тамоми ҷаҳон, аз чиниҳои дур аз Аврупо то арабҳо фаҳманд, пас чунин ба назар мерасад, ки худи ИА бояд ақаллан аз шубҳаҳои норӯшан дар ин бора азоб кашад. Яъне Иттиҳодияи Аврупо бояд аз ҳама бештар ба хатми ҳарчи зудтари ҷанг дар Украина манфиатдор бошад, то англосаксонҳоро далеле барои аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ба интиқоли энержии Русия ба ИА маҳрум созад ва ба ин васила ташаннуҷ дар пайванди атлантикиро коҳиш диҳад.
Тааҷҷубовар ин аст, ки роҳбарони Аврупо дар бораи тамдиди амалиёти ҷангӣ торафт бештар букмекерӣмекунанд ва намефаҳманд, ки ин дар охир ба куҷо оварда мерасонад.
Ввод в эксплуатацию газового месторождения Бованенково в ЯНАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Аврупо пеш аз фаро расидани сардӣ ба шикаст мувоҷеҳ мешавад
Фардо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва раҳбари дипломатияи Аврупо Ҷозеп Боррел ба Киев меоянд. Онҳо барои пуштибонӣ аз Украина дар ҷанг бо Русия меоянд ва на аз ҷиҳати маънавӣ, балки моддӣ, яъне бо таъмини силоҳ пуштибонӣ мекунанд. Ҳарчанд Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки талош дорад, аз даргирии мустақим бо Русия худдорӣ кунанд, аммо пайваста таъкид мекунанд, ки шикасти Украинаро намехоҳанд ва аз ин рӯ интиқоли силоҳ ба Киевро афзоиш хоҳанд дод. Аммо ин интиқолҳо чӣ маъно дорад? Оё Брюссел бовар дорад, ки Русия амалиётро қатъ мекунад? Оё онҳо ба пирӯзии Украина умед мебанданд? Маълум аст, вақте ки ин ИМА ва Англия мехоҳанд, ки амалиёти ҷангӣ то хадди имкон давом кунад, ин барои онҳо муфид аст. Иттиҳоди Аврупо ба чӣ ноил шудан мехоҳад?
Ҷозеп Боррел рӯзи чаҳоршанбе ба парлумони Аврупо тавзеҳ дод, ки Иттиҳодияи Аврупо ба натиҷаи низоъ бетараф нест ва аз ин рӯ талош хоҳад кард, ки буҳронро "ҳарчи зудтар, вале на ба ҳар қимат"-е ҳал кунад:
"Андешаҳоебаён шуданд, ки беҳтарин роҳи ҳарчи зудтар хотима додан ба муноқиша қатъи интиқоли силоҳ ба Украина аст, аммо вақте ки амалиёти ҷангӣ ба охир мерасад, натиҷа чӣ мешавад? Агар ҳама бо тахриб ва шикасти ин кишвар, миллионҳо гуреза ва ҳазорон мурда анҷом шавад, пас ин он чизе нест, ки мо намехоҳем. Аз ин рӯ, мо бояд таъмини Украинаро бо силоҳ идома диҳем. Мо бояд камтар кафкӯбӣ ва бештар кумак кунем. Украинҳо аз мо интиқоли силоҳи нав интизоранд ва мо ин корро карда истодаем. Мо бояд мусаллаҳшавии Украинаро давом диҳем, бидуни он ки ба ташаннуҷи вазъе мунҷар шавад, ки бештаре аз кишварҳо вориди он гарданд. Ин гуна муноқишаҳо ба заъфи силоҳ ва иқтисоди рақиб мусоидат мекунанд".
Яъне Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, ошкоро худро ҷонибдори низоъ мехонад, зеро нахуст бар зидди Русия ҷанги иқтисодии ҳамаҷониба эълон карда буд ва ҳоло мехоҳад, интиқоли силоҳ ба Украинаро афзоиш диҳад. Дар айни замон Боррел мегӯяд, ки "мо дар робита ба тавозун дар вазъияти душворе қарор дорем":
“Мо мехоҳем Украинаро кумак кунем, аммо ба ҷанг дахолат кардан намехоҳем. Иттиҳодияи Аврупо як иттиҳоди низомӣ нест, аммо ман бовар дорам, мо бояд ба Украина кумак кунем. Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, аммо бидуни убури хатҳои сурх, то даргириҳо густариш наёбанд”.
Табиист, ки на Иттиҳодияи Аврупо ва на Русия низои мустақими низомиро намехоҳанд, зеро ин ҷанг миёни Русия ва НАТО, яъне мухолифони дорои силоҳи ҳастаӣ хоҳад буд. Аммо Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ аз Украинаро шармовар намеҳисобад.
Маълум аст, ки ҳеҷ гуна таъминоти аврупоӣ ҷараёни амалиёти низомии Русияро бознамедорад. Аввалан барои он ки аврупоиҳо имкони интиқоли техникаи вазнин ва ҳавопаймоҳоро ба маҳалли артиши Украина, ки дар он ҷо набардҳои асосӣ, яъне дар Донбасс ҷараён доранд, надоранд. Дуюм, худи доираи таъминот хеле маҳдуд аст,масалан, анборҳои Бундесвер беохир нестанд, дар ҳоле ки ин ҷо сухан аз хариди беохири силоҳ дар бораи Украина аст.
Ва ҳарчанд то ҳол имконнопазир аст, ки ҷараёни даргириҳоро тағир диҳед, таъминоти аврупоӣ метавонад дарди артиши Украинаро тамдид ва муқовимати онро дароз кунад. Русия бояд барои нобуд кардани кумакҳои Ғарб ба қувваҳои мусаллаҳи Украина талош ва маблағи бештар сарф кунад, аммо Маскав дар ними роҳ бознамеистад. Яъне ҳадафи Русия рӯшан аст, аммо ҳадафҳои Иттиҳодияи Аврупо суолҳоро ба миён меоранд.
Марши националистов на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
"Ҳич нозие дар Украина вуҷуд надорад". Бардошти мухталифи Русия ва Ғарб аз миллатгароӣ
Боррел мегӯяд, "бояд кафолат дод, ки Украина аз мавқеи тавоноӣ ба музокирот бо Русия ворид шавад." Ин аст, ки мо, аз ҷумла лашкари пурқувватро нигоҳ дошта, онро ифшо мекунем. Маълум мешавад, Иттиҳодияи Аврупо бовар дорад, ки Русияро то ҳол маҷбур кардан мумкин аст, то ҳатто аз ғайринизомисозии Украина даст кашад?
Агар аврупоиҳо ба ин бовар накунанд, пас онҳо бо яроқу аслиҳа таъмин карда, мақсади англосаксонро ба амал мебароранд: амалиёти ҷангиро ҳарчи бештар тӯлонӣ менамоянд. Аммо пас аз он мо бояд ба суоли асосӣ барои аврупоиҳо баргардем. Чаро ба Аврупо дар сарҳадҳои шарқии худ ҷанги тӯлонӣ лозим аст?
Оё ҷанг дар он ҷобарои он хуб аст? Не.
Оё ин ӯро қавитар мекунад? Не, ин онро аз ҳар ҷиҳат суст мекунад.
Оё ин вобастагии ӯро аз қувваҳои беруна зиёд мекунад? Бале, бешубҳа ва ҳама медонанд, ки ин қувваҳои беруна кистанд.
Ҳар қадар ки ҷанг дар Украина тӯлонӣ идома ёбад, ҳамон қадар Иттиҳодияи Аврупо ба як замимаи НАТО табдил хоҳад ёфт. Яъне лоиҳаи атлантикӣ дар лоиҳаи Аврупои континенталӣ комилан бартарӣ хоҳад дошт ва орзуҳои Олмону Фаронса барои бунёди Аврупои воҳид ба партовгоҳи таърих парт мешаванд.
Газодобывающее предприятие компании «Укргаздобыча» во Львовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
ВАО: Кишварҳои бузурги Аврупо наметавонанд аз гази Русия даст кашанд
Дар ҳар сурат Русия Украинаро ба сӯйи худ мегардонад - бе талаф, аммо ҳамзамон вазни худро дар ҷаҳон афзоиш медиҳад. Аврупо на танҳо Украинаро дар доираи нуфузи худ нигоҳ намедорад, балки ояндаи онро низ ба қурбонгоҳи ғаразҳои англосаксонӣ табдил медиҳад. Гузашта аз ин ин қурбониро англосаксонҳо, ки аллакай аврупоиҳоро моҳвораи худ медонанд, қадр намекунанд. Ин қурбонӣ ба англосаксонҳо барои нигоҳ доштани лоиҳаи ҷаҳонии фурӯпошии худ кӯмак намекунад.
Яъне дар аввали Аврупо нақшаи ба даст овардани Украинаро мебозад, ва ҳамчунин ҳама робитаҳо бо Русия, сипас сатҳи кунунии зиндагӣ, истиқлоли иқтисодӣ ва ҳадафҳои геополитикиро низ. Ва он дигар ҳатто дар бораи мухторияти стратегӣ орзу карда наметавонад. Ин танҳо ибтидо аст. Дар ниҳоят евро аллакай бадном шудааст ва равобит бо Чин аз ҷониби англосаксонҳо тадриҷан тахриб мешаванд (Боррел иқрор шуд, ки саммити ахир бо Чин "муколамаи карҳо" буд ва "мо ба ҳеҷ чиз розӣ набудем"). Аз таъсири ИА дар ҷаҳон чӣ боқӣ хоҳад монд? Ва худи Иттиҳоди Аврупо чӣ мешавад, кӣ онро дар шароити бархӯрди доимӣ бо Русия ва ҷанги сард бо Чин мустаҳкам мекунад?
Ин суолҳоеанд,ки раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле ки ба тамдиди ҷанг дар Украина таваққуф мекунад ва фикр мекунад, ин ба Русия зарари ҷиддӣ мерасонад, ба зудӣ ба онҳо бояд посух гӯяд. Вайпай набурда, ки бо ин кораш ресмонро ба гарданаш сахт мебандад.
Лентаи хабарҳо
0