Мишустин гуфт, ки бар зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз шудааст

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи сарвазири Русия, ин кишвар имрӯз бо чолишҳои таърихӣ рӯ ба рӯст, ки яке аз он ҷанги иқтисодӣ аст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин зимни суханронӣ бо гузориши ҳукумат дар Думаи давлатӣ гуфт, ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия аллакай оғоз шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар назди ҳукумат ва порлумон мушкилот ва вазифаҳои таърихӣ меистанд.

"Ҷанги воқеии иқтисодӣ алайҳи Русия оғоз шуд. Ва ин аз ҳамкории созандаи мо бо шумо вобаста аст, ки то чӣ андоза метавонем иқтисодро ба воқеиятҳои нав мутобиқ кунем ва онро ба рушди пешрафта баргардонем", - таъкид кард Мишустин.

Пештар котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд карда буд, ки кишварҳои ғарбӣ ба зидди Русия ҷанги иқтисодӣ оғоз кардаанд.
Вай гуфт, давлатҳои ғарбӣ амвол, пули Русияро мусодира ва ҳама гуна муносибатҳои молиро қатъ мекунанд. Дар чунин вазъият Русия бояд ба воқеияти нав мутобиқ шавад.
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
Қобили зикр аст, ки қаблан як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карда буданд.
Ба гуфтаи президенти Русия Владимир Путин, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъифсозии Русия як стратегияи дарозмуддат аст ва таҳримҳо низ ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Ҳамин тариқ Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, дар иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди Русия дефолт эълон карда, захираҳои асъории онро мунҷамид карданд.
Путин афзуд, ҳаводиси имрӯза бартарии ҷаҳонии Ғарбро ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод коҳиш медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0