Коршиноси чинӣ: Украина як абзори муомила барои Иёлоти Муттаҳида аст

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузариш ба медиабонкОсвобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя
Освобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Як таҳлилгари низомии рӯзномаи чиние гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида Украинаро ба унвони як муомилот истифода мекунад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ван Кёнг, коршиноси низомии рӯзномаи чинии “Ҳуанкё Шибао” дар баёнияе гуфтааст, ки Украина дар бозии ҷаҳонии геополитикӣ ба як абзори “мубодилот” ва харидуфурӯши Амрико табдил шудааст.
Ба бовари ин коршинос, вазъи кунунии Украина аз натоиҷи корҳои Амрико аст. Ӯ афзуд, ки ҷангҳои ниёбатиро кишварҳои бузург роҳандозӣ мекунанд, ҳатто агар онҳо дахолати мустақим надошта бошанд ҳам.
Тибқи гуфтаҳои таҳриккунандагон, қудрат метавонад аз муттаҳидон ҳимоят, блокҳои низомиро тақвият кунад, нақшаи сиёсии ҷаҳонро тағйир ва қудрати худро ҳифзу густариш диҳад.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
ИМА Аврупоро ба зери танк меафканад
Вай гуфт, Иёлоти Муттаҳида собиқадори ҷангҳои ниёбатӣ аст.
Коршиноси низомии чинӣ бар ин назар аст, ки дар замони ҷанги сард Иёлоти Муттаҳида пайваста дар ҷаҳон нооромӣ эҷод мекард.
Кёнг хотиррасон мекунад, ки нуқтаҳои доғҳои Африқо, Осиё, Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ дар ҳама ҷо дорои маҷмуи комиле аз мушаххасоту вижагиҳои ҷангҳои ниёбатӣ буданд.
Вай афзуд, дар вазъи феълии Украина ИМА дар наздикии марзи Русия бар зарари манфиатҳои шарикони аврупоии худ "оташ меафрӯзад".
Марвид ба зикр аст, ки ин нахустин интиқоди ниҳодҳо ва афроди алоҳида дар Чин аз амалкардҳои ИМА дар ҷаҳон нест.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Национальный флаг Китая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
ВКХ Чин: Роҳҳалли буҳрони Украина дар дасти НАТО ва ИМА аст
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҳадафи нави амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шуд
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд.
Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.
Лентаи хабарҳо
0