Рейтинги ҷаҳонии ҷудо: мавқеъҳои нави варзишкорони тоҷик

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Варзишгарон дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо мавқеъҳои нави худро омӯхтанд, нафари пешсаф дар байни намояндагони Тоҷикистон дар панҷгонаи беҳтарин ҷой гирифтааст
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) раддабандии тозаи ҷаҳониро нашр кард.
Тибқи феҳристи навшуда, варзишгарони тоҷик мавқеи худро иваз кардаанд. Қобили зикр аст, ки феҳрист дар оянда иштирокчиёни Бозиҳои навбатии олимпиро муайян мекунад.
Баромад дар арсаи байналхалқӣ вобаста ба мусобиқа ба варзишкорони тоҷик холҳои гуногун эъто менамояд.
Темур Раҳимов дар миёни намояндагони Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонӣ пешсаф боқӣ мемонад. Ӯ дар панҷгонаи беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон ҷой дорад.
Дар рейтинги нашршуда миёни варзишгарон дар вазни +100 кг Раҳимов бо 3884 имтиёз дар ҷои 4-ум дар ҷаҳон қарор гирифтааст.
Дар ин миён ҷойи дуюмро Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ба даст овард. Вай 2410 хол дорад ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мақоми 13-умро ишғол мекунад.
Дар мақоми сеюм Сомон Маҳмадбеков (73 кг) қарор дорад. Ӯ бо 2167 имтиёз дар ҷои 14-ум дар ҷаҳон қарор дорад. Чаҳорум - Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кг аст. Вай 556 хол дошта, ҷои 57-умро ишғол мекунад. Акмал Муродов (81 кг) панҷгонаи аввалро ҷамъбаст мекунад ва бо 396 имтиёз дар ҷои 59-ум аст.
Дзюдоист Темур Рахимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Ягона медалро ба Тоҷикистон аз "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Темур Раҳимов овард
Дар феҳристи беҳтарин занони варзишкор ду намояндаи кишвар низ зикр мешаванд. Ин Шукрона Қарчиева (48 кг) аст, ки бо 272 имтиёз дар зинаи 77-ум қарор дорад.
Ва Аҳлия Муъминова дар вазни 52 кг бо 6 имтиёз, ки дар ҷои 188-ум қарор гирифтааст, низ дар ин феҳраст аст.
Бояд қайд кард, ки рейтинги ҷаҳонӣ натоиҷи кори варзишгаронро дар мавсимҳои охир дар бар мегирад. Хол танҳо барои як сол нигоҳ дошта мешавад. Пас аз як сол он тадриҷан коҳиш меёбад ва пас аз 4 сол он комилан ба сифр баробар мешавад.
Холҳои рейтингӣ ба варзишгар имкон медиҳад, ки ӯ ба қатори беҳтаринҳо ворид шавад ва барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ иҷозат гиранд.
Ҳашт паҳлавони тоҷик дар сабқати "Antalya Grand Slam 2022" ширкат мекунанд: киҳо?
Дар сабқати ҷудои "Gran Slam" дар Туркия Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг медали биринҷӣ гирифт. Дар қувваозмоии аввал ӯ бо Грегори Прайер аз ИМА рақобат ва ӯро мағлуб кард. Барои баромадан ба даври чорякниҳоӣ паҳлавони тоҷик варзишкор аз АМА- ро шикаст дод.
Дар даври чорякниҳоӣ Раҳимов бо се "шидо" аз тарафи варзишкори венгер мағлуб карда шуд. Дар даври сеюм барои медали биринҷӣ Раҳимов бар Ушанги Кокаурӣ аз Озарбойҷон ва дар марҳалаи ниҳоии қувваозмоӣ ӯ бар варзишкори фаронсавӣ Ҷозеф Терҳек пирӯз шуд.
Лентаи хабарҳо
0