Муҳоҷирон дар Русия бештар дар Маскав ва вилояти Маскав ҷиноят содир мекардаанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Русия омори амалҳои ғайриқонунӣ бо ширкати шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯи минтақаҳоро нашр кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шумораи бештари ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд.
Дар ин бора муовини сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, генерал-майор Олег Кадочников хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир мизони ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ аз 3,5% зиёд нест.
Кадочников тавзеҳ дод, ки дар соли 2021 дар Маскав беш аз 7000 ҷиноят бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст, беш аз 5000 ҷиноят ба вилояти Маскав ва 3500-тои онҳо ба Санкт-Петербург рост меояд.
Барои муқоиса дар Қрим хориҷиён ҳазор, дар ҳудуди вилояти Челябинск дар 961 маврид қонунҳоро нақз кардаанд.

"Ин аз як тараф ба шиддат гирифтани ҷараёни муҳоҷират ва аз тарафи дигар пурзӯр шудани кори мақомоти корҳои дохилӣ оид ба ошкор ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо вобастааст", - таъкид кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи июл то декабри соли қаблӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Русия ҳудуди 250 нафарро барои ширкат дар бетартибиҳо аз ин кишвар ихроҷ карда буданд.
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Ихроҷи қариб 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия барои нақзи қонун
Қаблан коршиносони Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфта буданд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия таҳдид мекунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, хориҷиёне, ки дар қаламрави ин кишвар бидуни ҳуҷҷат қарор доранд, метавонанд ба фаъолияти тахрибкорӣ машғул шаванд.
Дар навбати худ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки барои нақзи қонун ва намоиши ифротгароӣ муҳоҷирон бояд ихроҷ ва дар оянда чунин шаҳрвандон аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин давлат маҳрум карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0