Песков: Ҳадаф аз амалиёти низомӣ дар Украина пешгирӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Сеюм аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПресс-секретарь президента России Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ҷилавгирӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Сеюмро ҳадафи амалиёти вижа дар Украина номид
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Владимир Путин гуфт, иқдомоти Русия дар Украина аз хатари Ҷанги Ҷаҳонии Савум ҷилавгирӣ мекунад.

“Вазъиятеро тасаввур кунед, ки яке аз аъзои НАТО, Украина дар фикри бозгашти Қрим ба хоки худ аст ва ба Русия ҳамла мекунад. Бо эъмоли модаи 5-и маншури НАТО кишварҳои узви ин созмон бо силоҳи ҳастаӣ бояд аз Украина дифоъ кунанд, дар чунин ҳол мумкин аст, Ҷанги Ҷаҳонии Савум рух диҳад”, - гуфт оқои Песков дар суҳбат бо "Sky News".

Вай ҳамчунин гуфт, он чӣ акнун дар ҳоли иҷро аст, аз мо тақозо мекунад, дар муқобили ҳар гуна чунин таҳдиди эҳтимолие қарор бигирем.
Оқои Песков ҳамчунин қайд кард, ки вазъиятро метавон тавассути дипломатия ҳал кард.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Интиқоди Лавров аз пешниҳодҳои нави Киев
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.
Лентаи хабарҳо
0