https://sputnik-tj.com/20220408/rahmonu-putin-hamkorii-tojikistonu-rusiya-1047457782.html
Раҳмону Путин аз 30 соли ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Русия ёд карданд
Раҳмону Путин аз 30 соли ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Русия ёд карданд
Мақомоти олии Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар бахши тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариро, ки дар ҳоли рушд қарор дорад, самаранок арзёбӣ намуданд
2022-04-08T10:30+0500
2022-04-08T10:30+0500
2022-04-08T12:57+0500
дар тоҷикистон
дар русия
ҳамкорӣ
барқия
табрикот
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/98/1023569881_0:0:2712:1526_1920x0_80_0_0_de4b005ea534cf64fd10be9b0fd9b47a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Миёни Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, роҳбари Русия ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи табрики худ қайд кардааст, ки тӯли ин се даҳсолаи сипаришуда Маскаву Душанбе дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон буда, ҳар ду кишвар дар арсаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ ба таври самарабахш ҳамкорӣ доранд.Инчунин роҳбари Тоҷикистон дар ин барқияи худ аз густариши қобили таваҷҷуҳи робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ ба таври махсус ёдовар шуд.Инчунин роҳбари Тоҷикистон изҳори бовар кардааст, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.“Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем. Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон.Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, роҳбари Русия дар барқияи табрики худ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон аз нақши шарикии стратегии ду кишвар ёдрас шуд.Вай ҳамчунин илова кардааст, ки Маскав ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд.Роҳбари Русия ҳамчунин изҳори бовар кардааст, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвар буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.
https://sputnik-tj.com/20220407/rusiya-tojikiston-maorif-1047434869.html
https://sputnik-tj.com/20220403/hamkorihoi-farhangii-rusiya-tojikiston-gustarish-1047318237.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/98/1023569881_0:0:2712:2034_1920x0_80_0_0_f65b33a560337e6948deef5d7f1329b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, ҳамкорӣ, барқия, табрикот, эмомалӣ раҳмон, владимир путин
Раҳмону Путин аз 30 соли ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Русия ёд карданд
10:30 08.04.2022 (Навсозишуда: 12:57 08.04.2022) Мақомоти олии Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, илму техника ва башариро, ки дар ҳоли рушд қарор дорад, самаранок арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Миёни Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, роҳбари Русия ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи табрики худ қайд кардааст, ки тӯли ин се даҳсолаи сипаришуда Маскаву Душанбе дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
“Сатҳи кунунии робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро, ки Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки байниҳамдигарӣ ва Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии ба асри XXI нигаронидашуда заминаи пойдори онҳо мебошанд, баланд арзёбӣ менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон буда, ҳар ду кишвар дар арсаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дар соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ-техникӣ ба таври самарабахш ҳамкорӣ доранд.
Инчунин роҳбари Тоҷикистон дар ин барқияи худ аз густариши қобили таваҷҷуҳи робитаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва байниминтақавӣ ба таври махсус ёдовар шуд.
“Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият меёбанд. Кишварҳои мо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар робита ба мавқеъҳояшон ҳамоҳангии зич анҷом медиҳанд”, - гуфт Раҳмон.
Инчунин роҳбари Тоҷикистон изҳори бовар кардааст, ки рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
“Мо пайваста ба пешбурди минбаъдаи босамари тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатиамон, ки дар оянда низ дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос хоҳанд дошт, манфиатдорем. Умед дорам, ки мо аз ин пас ҳам ҷиҳати таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба манфиати мардумонамон талошҳои муштараки ҳамаҷониба анҷом хоҳем дод”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол Владимир Путин, роҳбари Русия дар барқияи табрики худ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон аз нақши шарикии стратегии ду кишвар ёдрас шуд.
“Тӯли даҳсолаҳои сипаришуда ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ барорем. Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд”, - гуфт Путин.
Вай ҳамчунин илова кардааст, ки Маскав ва Душанбе дар самти муқовимат ба терроризм ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда, талошҳои худро дар доираи СААД, ИДМ, СҲШ, СММ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг менамоянд.
Роҳбари Русия ҳамчунин изҳори бовар кардааст, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвар буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.