"Сарвари сиёсӣ дурӯғ мегӯяд". Равишҳои Гебелс ҳанӯз мавриди тақозои Ғарбанд

© Министерство обороны УкраиныУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чанде пеш дар Ғарб як мӯд пайдо шуда буд, ки дар зимни муроҷиат ба мардуми рус ибораҳои нофаҳуми забони русиро истифода мекарданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik, Владимир Корнилов. Ин анъанаро чанд ҳафта пеш Арнолд Швартсенеггер гузошта буд ва рӯзҳои охир расонаҳои Бритониё ва сарвазир Борис Ҷонсон онро эҷодкорона инкишоф доданд, менависад РИА “Новости”.
Рӯзномаи “Daily Mirror” ҳатто бо сарлавҳаи русии "Шумо бояд бидонед" дар саҳифаи аввалаш мунташир шуд. Ин дарҷи муназзами чунин дархостҳое аз русҳо дар суханронии рӯзонаи президенти Украина Владимир Зеленский нест.
Ҳама муаллифони суханрониҳои оташин ҳамеша аз як асл пеш мераванд: сокинони Русия аз имкони гирифтани "ҳақиқат дар бораи рӯйдодҳои Украина" маҳруманд. Дар ин ҷо муқоиса кунед:
Арнолд Швартснеггер: "Ман имрӯз ба шумо менависам, зеро дар ҷаҳон воқеаҳое рух медиҳанд, ки аз шумо пинҳон мешаванд"
Daily Mirror: "Дӯсти азизи рус. Мо ба шумо менависем, зеро мехоҳем, ки шумо ҳақиқатро дар бораи ҷанги Украина бидонед... Аммо мо инчунин медонем, ки дар Русия матбуоти озод вуҷуд надорад ва ба шумо дар бораи ҷанг дар Украина ҳар рӯз иттилои дурӯғ медиҳанд".
Борис Ҷонсон: "Русҳо сазовори ҳақиқат ҳастанд. Шумо сазовори донистани далелҳо ҳастед".
Яъне онҳо дар он ҷо ҷиддӣ тасмим гирифтанд, ки шаҳрвандони Русия аз хабарҳои ҷаҳонӣ канда шудаанд ва чун дар замони қадим то ҳол "овозҳо"-и хориҷиро тавассути радиоҳои лӯлаӣ гӯш ва кӯшиш мекунанд, садоеро, ки гоҳо аз тариқи радио пахш мешавад, бишнаванд". Чӣ қадар одамони моро хуб намешиносанд ва вазъияти Русияро намефаҳманд!
Ин аз тарафи Ҷонсон, ки худро Прометей, ҳомили дониши сиррии оташ барои мардуми рус медонад, таъйид шуд ва он дар сурати мухаффафи асроромези VPN зоҳир гашт. Кас ҳайрон мешавад, ки пеш аз Борис чаро мо дар бораи чунин муъҷизаи технологияи муосир иттилоъ надоштем? Агар лозим шавад, мардуми мо омодааст, ки ин донишро бо бритониёиҳо мубодила кунад.
Флаги стран ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Зарбаи дугонаи Аврупо ба Русия чӣ посухе хоҳад дошт?
Мехостам ба мунаққидони ғарбӣ, ки ногаҳон “мардуми русро дӯст доштанд”, ёдовар шавам, ки Русия, мисли замони ҷанги сард мавҷзанҳоро рӯшан накардааст. Маҳз дар Ғарб бар хилофи ҳама афсонаҳои худ дар бораи “озодии баён” ва қонунҳои худашон бераҳмона ба тоза кардани фазои иттилоотӣ аз расонаҳои Русия ва ҳатто аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба Русия ҳамдардӣ доранд, шуруъ карданд. Ва чораҳои мо танҳо ҷавобгӯ ва симметрӣ буданд.
Швартснеггер ва Ко дар ҳақиқат фикр мекунанд, ки мо видеоҳои харобкорӣ дар Мариупол ва дигар шаҳрҳоро надидаем. Арнолд "муҳаббати худро ба халқи рус" иқрор карда, ба хотираҳои давраи бачагӣ дар бораи вохӯрӣ бо вазнбардори бузурги мо Юрий Власов ишора мекунад. Ҳоло аз Швартснеггер пурсед, ки оё ӯ дар бораи ҳодисаҳои ҳаштсола ва Макеевка, шаҳре, ки бути кӯдакии ӯ таваллуд шудааст, чизе шунида бошад, собиқ губернатори Калифорния, бешубҳа, ҳайрон хоҳад шуд.
Ба ӯ видеоеро нишон диҳед, ки дар солҳои 2014-2015 сарбозони украинӣ ин шаҳрро чӣ гуна кардаанд ва бипурсед, ки чаро он вақт номи Власови бузургро ба ёд наовард, китф дарҳам мекашад. Боғчаҳои бачагон, мактабҳо ва беморхонаҳо дар Макиевка ҳамагӣ тирборон шуданд. Аммо аз ҷониби ҳунармандон, сиёсатмадорон ва нависандагони ғарбӣ ба мардуми Украина ва низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Украина чунин муроҷиате набуд. Онҳо ба он таваҷҷуҳ надоштанд.
Борис Ҷонсон бар ин назар аст, ки бинанда ё хонандаи рус дар бораи ҳаводиси Буча умуман чизе нашунидааст. Ва ҳамин ки мо VPN-ро ба кор мебарем ва матбуоти Бритониёро мехонем, дарҳол парда аз чашмони мо меафтад. Биё, ӯ ҳатто гумон намекунад, ки дар расонаҳои мо рӯйдодҳои шаҳраки наздики Киев бо истинод ба манобеи аввалия, аз ҷумла, украинӣ, кадр ба кадр, дақиқа ба дақиқа таҳлил мешаванд.
Здание МИА Россия сегодня в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Бритониё "Россия сегодня"-ро таҳрим кард
Ман дар ягон нашрияи ғарбӣ чунин таҳлили муфассали ин тирҳои даҳшатборро надидаам, ки мо дорем. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ман надидам таҳлили ҳаматарафаи хронологияи воқеаҳои Бучаро, ки афсонаҳо дар бораи "куштори бераҳми мардуми беҳимоят аз тарафи русҳои бераҳм"-ро рад кунанд.
Масалан, дар ҳама ҷо мири Буча 31 март ботантана эълон кард, шаҳр "аз оркҳои рус озод карда шудааст". Мо видеоҳоеро нишон додем, ки дар он шаҳрдор (дар хотир доред, ки ҳамроҳ бо отрядҳои пулиси Украина) аллакай рӯзи 1 апрел дар маркази шаҳр қарор дорад.
Мо ҳайронем, ки дар кӯчаҳои як посёлкаи хурдакак, ки чанде пеш мақоми шаҳрро гирифтааст, тӯдаи мурдаҳо аз куҷост? Маҳз дар расонаҳои мо видеои пулиси миллии Украина дар бораи поксозии Буча, ки рӯзи 2 апрел сабт шудааст, пахш мешавад. Ва ҳамзамон онҳо аз як ҷангҷӯи украинӣ иқтибос овардаанд, ки барои тирандозӣ ба сӯйи мардум “бе бинтҳои кабуд” иҷоза хостаанд.
Ба чӣ сабаб бошад, ки талош мешавад, ин видеоро аз шабакаҳо тоза кунанд. Швартснеггер ва Ҷонсон намехоҳанд бипурсанд, ки чаро ин далелҳоро аз тамошобинони ғарбӣ пинҳон мекунанд?
Масалан, ҳеҷ яке аз таҳлилгарони сершумор дар Ғарб саволе ба миён нагузоштааст, ки чӣ гуна ҷасадҳоро дар тӯли беш аз ду ҳафтаи ҳавои гарм ин қадар нигоҳ доштанд ва напӯсиданд.
Маҳз мо аз 19 март cap карда, ҳарорати шабонарузиро дар Киев ва атрофи он бодиққат таҳлил ва маълум кардем, ки дар ин рӯзҳо баъзан дар он ҷо хаво то 20 дараҷа гарм мешавад. Аммо лашкари рӯзноманигорони ғарбӣ, ки дар рӯзҳои охир Бучаро зери об мондаанд, оромона ин ҷасадҳоро сабт мекунанд ва ҳатто ҳайрон намешаванд, ки чаро онҳо ба респиратор ниёз надоранд, то дар наздикии ҷойе бошанд, ки бӯи пӯсида шуморо танҳо биафтонад.
Министр обороны Великобритании Бен Уоллес - РИА Новости, 1920, 24.05.2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лондон гуфт, барои чӣ ба Киев тонкҳои Бритониё кумак намекунанд
Дар ҳеҷ куҷо суоле набуд, ки чаро дар тӯли зиёда аз ду ҳафта касе аз сокинони шаҳр, ҳамсояҳо, хешовандон, шиносҳои мурдагон онҳоро нагузаштанд, онҳоро дар кӯча наёфтанд, ба кӯмак даъват накарданд, ба ҳамон пулис, ки дар шаҳр кор мекард, занг назад? Маҳз мо мехоҳем тамоми ҳақиқати фоҷиаи сокинони Буҷаро донем, на онҳо.
Ва акнун, биёед, аз Ҷонсон бипурсем: барои чӣ корбари рус ба VPN ниёз дорад? Дар бораи воқеаҳои Буча, ки чиро дар телевизиони Русия муфассал намегӯянду таҳлил намекунанд? Дар ин ҷо бинандаи бритониёӣ, агар лаҳзае аз таблиғоти русофобӣ ва қалбакии расонаҳои худ даст кашад ва бо маводи русӣ ошно шавад, бисёр чизҳои навро кашф мекунад. Ҳам Лондон ва ҳам Вашингтон инро хуб медонанд ва аз ин рӯ ҳама гуна маълумот аз Русияро фаъолона тоза мекунанд.
Гарчанде ки он на ҳамеша кор мекунад. Масалан, матбуоти Ҳолланд аз он изҳори таассуф мекунад, ки Ҳизби “Анҷуман барои демократия”, ки чанде пеш суханронии маҷозии Зеленскийро дар парлумони худ таҳрим кард, Ғарбро дар сар задани низоъ дар Украина ҳатто пас аз ҳаводиси Буча муттаҳам мекунад. Ва “Financial Times” ба ҷиддитарин мушкили Осиё ва Африқо ишора кард: онҳо мегӯянд, новобаста аз он ки “Твиттер” аккаунти хэштэги @IStandWithPutin ("Ман бо Путин ҳастам")-ро манъ кунад, аудиторияи он ҷо то ҳол ба "таблиғоти Русия" бовар доранд.
Пурсида мешавад, чаро одамоне, ки дар муқоиса бо бритониёиҳо ва амрикоиҳо бо шабакаҳои иҷтимоии бодиққатанду бидуни сензура ба иттилоот дастрасии бештар доранд, ба расонаҳои Русия эътимод доранд? Шояд барои он ки онҳо фавран дарк мекунанд, ҳақиқат куҷост?
Мисоли муроҷиатномаи русизабони британияи "Дейли миррор" аз ҳама далолаткунанда аст, зеро он дар бадтарин шакли анъанаҳои пропагандаи Геббелс тартиб дода шудааст. 80 сол муқаддам дар сангарҳои Артиши Сурх варақаҳое бо навиштаи зерин партоб мешуданд: “Раҳбарони сиёсии шумо дурӯғ мегӯянд”.
Дар асорати олмониҳо шуморо касе азобу шиканҷа намекунад, намекушанд ё кушта намешавад, балки хуб рафтор мекунанд!" Бинобар ин, "Миррор" бидуни азоби виҷдон менависад: "Президенти шумо дурӯғ мегӯяд, ки Украина ба Русия таҳдид мекунад ва пур аз фашистон аст".
Военнослужащие народной милиции ДНР проводят зачистку Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Вазири хориҷаи пешини Бритониё: Ҷанг дар Украина бузургтарин шикасти сиёсати хориҷист
Ва ҳамин рӯзнома аз як даҳшати дурӯғ зери унвони "Занеро сарбозони рус таҷовуз карданду куштаанд, ки дар баданаш свастика тасвир шуда буд", ёдовар шудааст. Ин дурӯғ бениҳоят таҳқиромез аст, зеро дар мақола акси ҷасади зане оварда шудааст, ки дар таҳхонаи мактаби рақами 18-и Мариупол, пойгоҳи ҷангҷӯёни “Азов” кушта шуда буд, оварда шудааст.
Ин аксро тамоми расонаҳои Русия кайҳо нашр карда буданд, ки дар робита ба ин ваҳшигарӣ Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 28 март парванда боз кард ва “Миррор” баъд аз як ҳафта навиштааст, мушаххас карда натавонистааст, ки “акс дар куҷо бардошта шудааст”. Аммо ба ман бигӯед, ки усулҳои “Миррор” дар ин маврид аз усули Геббелс чӣ фарқ доранд?!
Ва акнун бигзор Ҷонсон худаш ба ин суол посух диҳад: дастрасӣ ба сайтҳои бритониёӣ тавассути VPN чӣ гуна андешаи хонандаи огоҳро, ки медонад (бо шарофати расонаҳои Русия!), акси даҳшатноки зани шиканҷашуда дар куҷо ва кай гирифта шудааст, тағйир хоҳад дод?
Аз чӣ сабаб бошад, ки ин акс як ҳафта аз мухотабони бритониёӣ пинҳон буд, на аз русӣ. Агар як сокини Лондон ё Эдинбург ба шабакаҳои телевизионии мо, ки ҳукумати Ҷонсон онҳоро масдуд карда буд, дастрасӣ дошта бошад, ӯ метавонад дар бораи рӯйдодҳои Украина ва Донбасс маълумоти дақиқ бигирад, на ин қалбакие, ки рӯзномаҳои зард нашр мекунанд. Аз ин рӯ "Прометей", Ҷонсон моро мефаҳмонад, ки VPN чист, на онҳоро.
Лентаи хабарҳо
0