https://sputnik-tj.com/20220408/tojikiston-hamkori-shirkathoi-gardishgarii-eron-1047455702.html
Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои гардишгарии Эрон аст
Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои гардишгарии Эрон аст
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Эрон эълон кард, ки ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ ба вижа дар бахши гардишгарии саломат омода аст
2022-04-08T11:00+0500
2022-04-08T11:00+0500
2022-04-08T12:42+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
гардишгарӣ
сайёҳӣ
тиҷорат
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни комиссиюни гардишгарии утоқи Эрон ва сафорати он кишвар дар Теҳрон иштирок дошт.Вай бо ишора ба равобити ду кишвар ва алоқаву иртибототи амиқи ду миллат бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ гуфт, ки афзоиши таъомулоту иртиботот тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт .Ҷаноби Абдураҳмонов ёдрас шуд, ки Эрону Тоҷикистон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.Вай афзуд, он чизе, ки ниёз аст, пайгирии ҷаддитар барои иҷроисозии барномаҳову пружаҳост.Дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон илова кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 57 миллион доллар ва ин рақам дар соли 2021 ба 121 миллион доллар расид.Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтмонию дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.
https://sputnik-tj.com/20220401/eron-rusiya-tahrim-ima-chora-1047288813.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, гардишгарӣ, сайёҳӣ , тиҷорат
Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои гардишгарии Эрон аст
11:00 08.04.2022 (Навсозишуда: 12:42 08.04.2022) Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Эрон эълон кард, ки ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ, бавижа дар бахши гардишгарии саломат омода аст
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни комиссиюни гардишгарии утоқи Эрон ва сафорати он кишвар дар Теҳрон иштирок дошт.
Вай бо ишора ба равобити ду кишвар ва алоқаву иртибототи амиқи ду миллат бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ гуфт, ки афзоиши таъомулоту иртиботот тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт .
Ҷаноби Абдураҳмонов ёдрас шуд, ки Эрону Тоҷикистон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Вай афзуд, он чизе, ки ниёз аст, пайгирии ҷаддитар барои иҷроисозии барномаҳову пружаҳост.
Дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон илова кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 57 миллион доллар ва ин рақам дар соли 2021 ба 121 миллион доллар расид.
Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтмонию дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.