Тоҷикистон омодааст, кумакҳои Аврупоро ба Афғонистон расонад

© Хадамоти матбуотии президенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон
Эмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон ин масъаларо бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон матраҳ кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон Томас Никлассон, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дидору мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, мубодилаи афкор кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумаки логистикӣ ба Афғонистонро изҳор кардааст.

"Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳарчи зудтар афзоиш додани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъкид карда, омодагии Тоҷикистонро барои расонидани кумак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор дошт", - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуда, масаъали таъмини амнияти минтақаиро муҳимтарин арзёбӣ кардаанд.
Тоҷикистон ташкили ҳукумати фарогирро кафили суботи Афғонистон хонд
Эмомал Раҳмон аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои сайберӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин росто кишвардор рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба чолишҳо муҳим арзёбӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0