Эрон: Парвози ҳафтагии Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарӣ кумак мекунад

Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Камиссиюни гардишгарии Утоқи Эрон гуфтааст, ки афзоиши теъдоди парвозҳои миёни Эрону Тоҷикистон ва барқарории парвози ҳафтагии миёни Теҳрон - Душанбе ба рушди бахши гардишгарии ду кишвар кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Алиакбари Абдулмаликӣ дар дидор бо намояндаи сафорати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои афзоиши парвозҳои миёни ду кишвар ва анҷоми парвози ҳафтагии миёни Теҳрон - Душанбе ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои Эрон тадобири лозим андешида шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй” дар истинод ба сомонаи Утоқи Эрон.
Абдулмаликӣ дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни Комиссиюни гардишгарии Утоқи Эрон ва сафорати Тоҷикистон таъкид кард, ки коршиносон монеаҳои мавҷуда барои рушди бахши гардишгарии миёни Эрону Тоҷикистонро зери омӯзиш қарор доданд.

“Фурсатҳо ва ҷозибҳои туристии зиёде дар ҳар ду кишвар вуҷуд дорад ва сирфан ниёз ба шиносондан ба шеваи беҳтар ва густариши иттилооту ҳамкориҳо аз масирҳои ҷадид аст”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар бораи густариши таомулоти ду кишвар дар тамомии ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ таъкид карда гуфт, ки афзоиши таомулоту иртиботот, тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2022
Далер Ҷумъа: Нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба маводи сӯхти Эрон ниёз доранд
Ӯ афзуд, дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар 57 миллион доллар буд ва ин рақам дар соли 2021 дар пайи талошҳои суратгирифта ба 121 миллион доллар афзоиш ёфт.

“Умедворем, ин раванд тадовум ёфта ва базудӣ ба ҳадафи таъйиншуда аз сӯи раисони ҷумҳурии ду кишвар барои 500 миллион евро тиҷорати дуҷониба даст пайдо кунем”, - қайд кард Маъруфҷон Абдураҳмонов.

Вай илова кард, ки Эрону Тоҷикистон, то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва он чӣ ниёз аст, пайгирии ҷаддитар ҷиҳати иҷросозии барномаҳо ва тарҳҳост.
Дипломати тоҷик афзуд, дар кишвари Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтумонӣ ва дигар саноеъ вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои ҳамли рейлӣ ва тавофуқот бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.
Лентаи хабарҳо
0