Генерал Назарзода ваъда дод, ки милитсияи Бадахшон хушахлоқу хушмуомила мешавад

© Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри ДушанбеГенерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон
Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ гуфт, ки кормандони милитсияи вилоят талош хоҳанд кард, бовари мардумро ба милитсияи дар вилоят тақвият бахшиданд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ахиран дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ҷаласаи фаврӣ-хидматӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии РВКД дар ВМКБ.
Дар ин ҷаласа Шариф Назарзода, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ кормандони милитсияи вилоятро уҳдадор намуд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду бовари мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ минбаъд дар муносибату муошират бо аҳолӣ аз рӯи принсипҳои хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва гуманистӣ фаъолият намоянд.
Ҳамзамон генерари милитсия тамоми ҳайати шахсии милитсияи шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро вазифадор кард, ки дар минтақаҳои хидматӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдор, раисону маҳаллаҳо ва шаҳраку деҳот, бахшҳои кор бо занон ва ҷавонон, ҳамчунин нафарони обрӯманди маҳал гурӯҳҳои корӣ таъсис диҳанд.
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Раҳимзода: Кормандони милитсия дар одобу рафтор ва муоширату муомила бояд намуна бошанд
Вай ҳамчунин гуфт, барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ин гурӯҳҳо сафарбар карда шаванд.
Зикр шуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳтироми калонсолон дар ҷомеа, пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла ба масъалаҳои шаҳрдорӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0