"Global Times": Ғарб натавонист Русияро бо таҳримҳо шикаст диҳад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксРесторан быстрого питания "Макдоналдс"
Ресторан быстрого питания Макдоналдс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маҷалаи "Global Times" навиштааст, ки Русия ба маҳсулоти қиматбаҳову тарабхонаҳои тезтаёри ғарбӣ ниёз надорад
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Барқарори қурби рубл пас аз ҷорӣ намудани таҳримҳои сершумор ғайриимкон будани инзивои комили Русия аз низоми ҷаҳонии иқтисодиро собит кард, навиштааст Брэдли Бланкеншип, таҳлилгари маҷалаи "Global Times".

“Бо вуҷуди умедҳои Иёлоти Муттаҳида Амрико ва шариконаш дар Русия “гипертаваррум” рух надодааст, молҳои қиматбаҳо ва тарабхонаҳои тезтайёр (фастфуд)-ҳои Ғарб барои фаъолияти муътадили иқтисод чандон зарур нестанд”, - навиштааст ӯ.

Ҷонибдорони таҳримҳои Ғарб мутмаин буданд, ки маҳдудиятҳои нав ба иқтисоди Русия зарбаи сахт зада, ба шаҳрвандони одӣ таъсири мерасонанд ва мардумро водор месозанд, ба ҳукумат фишор биёранд, то сиёсати хориҷии худро тағйир диҳад. Аммо чунон ки муаллифи ин мақола қайд кардааст, ин нақша иҷро нашуд.
Арзиши воқеӣ дар бахши энержӣ аст, ки бинобар вобастагии шадиди Аврупо аз гази табиӣ барои Русия фоидаовар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ба қавли рӯзноманигор, ИМА талош дорад, "ин холигиро пур кунад", мавқеашро дар минтақа таҳким бахшад ва вобастагӣ аз интиқоли мол аз Русияро коҳиш диҳад.
Флаги России и США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Антонов аз таҳдиди даргирии мустақими низомӣ Русия бо ИМА хабар дод
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ намуданд. Онҳо ба бахши бонкӣ ва таъмини маҳсулоти технологӣ таъсир расонданд, даъватҳо барои коҳиш додани вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо афзоиш ёфт ва аксари ширкатҳо фаъолияти худро дар Русия мутаваққиф карданд.
Кремл ин иқдомҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки монандии онҳо то ҳол мушоҳида нашуда буд. Кремл таъкид кард, ки ба ин иқдомҳои ғайридӯстонаи Ғарб омодааст. Бонки Русия барои ба эътидол овардани вазъият дар бозори асъор чораҳо меандешад; пардохтҳо барои интиқоли газ ба кишварҳои бегона ба рубл сурат мегиранд. Илова бар ин ҳукумат нақшаи мубориза бо чораҳои маҳдудкунандаро омода кардааст, ки тақрибан сад ташаббусро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағгузории он тақрибан як триллион рублро ташкил медиҳад.
Фишори таҳримӣ алайҳи Маскав аллакай барои ИМА ва Аврупо мушкилоти иқтисодиро ба бор овардааст, ки боиси афзоиши ҷиддии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0