Итихобот дар Суғд: ба ҷои вакилони хориҷшуда вакилони нав интихоб мекунанд

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳавзаҳои интихоботии “Бобоҷон Ғафуров №3” ва “Камоли Хуҷандӣ №4”-и шаҳри Хуҷанд ба ҷойи вакилони хориҷшуда вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғдро интихоб менамоянд
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар Конференсияи XXVII ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, рӯзи интихоботи миёнадаврӣ муайян гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд “Бобоҷон Ғафуров” №3 ба ҷойи вакили хориҷшуда ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд, “Камоли Хуҷандӣ”, №4 ба ҷойи вакили хориҷшуда баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки тибқи қавонин, вакилони конфронс имкон доштанд, ки номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии зикршуда пешбарӣ намоянд.
Ежегодное обращение Эмомали Рахмона к парламенту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Дар Хуҷанд занони роҳбарро тарбия мекунанд
Ҳамин тавр номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров”, №3 номзадии Абдураҳмон Қосимов, директори генералии ҶДММ “САХО-и К”-и шаҳри Гулистон, узви ҲХДТ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд ва вакилон онро дастгирӣ карданд.
Ҳамзамон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷандӣ”, №4 номзадии Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд пешниҳод ва аз ҷониби иштирокдорони конфронс пазируфта шуд.
Таъкид шудааст, ки номзадон пешбарӣ ва вакилон ба тарафдории онҳо якдилона райъ доданд.
Инчунин якчанд нафар аз вакилон андешаҳои худро дар бораи номзадони пешниҳодшуда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят иброз доштанд.
Бо ҳамин кори конференсияи 27-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт ва қарор карда шуд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бар ивази вакилони хориҷшуда санаи 15-уми майи соли ҷорӣ сурат гирад.
Лентаи хабарҳо
0