Мақоми аввали Ӯзбекистон аз лиҳози фурӯши тило дар ҷаҳон

© PixabayЗолотые слитки и деньги
Золотые слитки и деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Созмони "World Gold Council" эълон кардааст, ки Ӯзбекистон дар моҳи феврали соли равон аз лиҳози фурӯши тило дар ҷаҳон мақоми аввалро касб кард
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Бар асоси гузориши Шӯрои ҷаҳонии тило (World Gold Council), дар моҳи феврали соли равон Ӯзбекистон аз лиҳози фурӯши тило дар ҷаҳон ба мақоми аввал баромадааст.
Тибқи иттилои манбаъ, захираҳои тилои бонкҳои марказии ҷаҳон тайи як моҳ тақрибан 6 тонна коҳиш ёфтааст.
Ӯзбекистон 22 тонна захараи тилояшро фурӯхтааст, ки феълан захоири ин кишвар то 339 тонна коҳиш ёфта ва ин поинтарин шохиси сатҳи захоири тило аз моҳи декабри соли 2020 гуфта мешавад.
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Тоҷикистон дар истихроҷи тило муваффақ шуд: ҳисоботи Вазорати саноат
Аммо ин дар ҳолест, ки тилои боқимонда 59 дарсад аз захоири тилло ва арзи кишварро ташкил медиҳад.
Илова бар ин Бонки марказии Қатар 6 тонна, Қазоқистон 5 тонна тилло фурӯхтааст, аммо Олмону Муғулистон захоири худро ҳамагӣ ба як тонна коҳиш додаанд.
Корхонаҳои пӯлоди Навоӣ ва Олмалиқ тавлидкунандагони тило дар Ӯзбекистон ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0