Аввалин партоби комилан тиҷорӣ ба истгоҳи кайҳонӣ – видео

Обуна шудан
Чаҳор фазонаварди хусусӣ савор бар мушаки "SpaceX Falcon 9" сафари худро ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ оғоз карданд
Мушак соати 18:17 ба вақти Маскав партоб шудааст. Тақрибан ду дақиқаю панҷоҳ сония пас аз партоб аз мушак қисми аввали ҷудо шуд ва қисми дуюм роҳи худро ба сӯйи истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ идома дод.
Ба ҳайати экипаж, ки дар маҷмуъ 10 рӯз идома хоҳад ёфт, собиқ фазонаварди NASA Майкл Лопес-Алегрия, Ларри Коннор, Марк Пати ва Эйтан Стиббе дохил мешаванд.
Ҳушдори Рогозин ба НАТО: Фаромӯш накунед, ки мо аз кайҳон шуморо назорат мекунем
Ин парвоз, ки чанд бор ба таъхир афтода буд, билохира 8 апрел аз Маркази кайҳонии Ҷон Кеннеди NASA анҷом ёфт.
Кайхоннавардон дар ин парвоз, ки се нафарашон барои парвоз пул пардохт карданд, дар истгоҳи кайҳонӣ 8 рӯз мемонанд. Онҳо соатҳо барои ин парвоз машқ карданд ва нақша доранд, ки дар ин парвози худ озмоишҳоеро анҷом диҳанд.
Баргаштанд! Сарнишинони киштии кайҳонии "Союза МС-19" ба Замин фуруд омаданд - акс
Агар ҳама мувофиқи нақша сурат гирад, киштии "Crow-Dragon SpaceX" ва экипажи он рӯзи шанбе, 9 апрел бо истгоҳи кайҳонӣ пайваст мешавад.
Лентаи хабарҳо
0