Сафари ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ӯзбекистон

© Министерство культуры ТаджикистанаКукольный театр Ташкента показывает спектакль в Душанбе
Кукольный театр Ташкента показывает спектакль в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳунармандони тоҷик барои сокинони панҷ шаҳри бузурги Ӯзбекистон намоиши “Маликаи нозанин” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Рӯзи сафари гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон дақиқ шудааст, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Ба иттилои манбаъ, аз 4 то 15 апрел ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар шаҳрҳои бостонии Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияҳои Риштон ва Сухи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши “Маликаи нозанин” ҳунарнамоӣ мекунанд.
Таъкид шудааст, ки сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифт.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Дар Ӯзбекистон филиали донишгоҳҳои Тоҷикистон таъсис меёбанд
Қайд карда шудааст, ки муаллифи намоиши мазкур Ҳотам Салимов, таҳиягар Зафар Ҷаводов мебошанд.
Инчунин манбаъ хабар додааст, ки намоиши “Маликаи нозанин” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба саҳна гузошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0