Шикасти "Истиқлол" дар аввалин боязиш дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022

© Котиботи бошгоҳи "Истиқлол"Шикасти "Истиқлол" дар аввалин боязиш дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022
Шикасти Истиқлол дар аввалин боязиш дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
"Истиқлол" бозии аввалашро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 бо шикаст анҷом анҷом дод
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Қаҳрамони Тоҷикистон тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ифтитоҳияш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 аз дастаи қатарии "Ар-райян" мағлуб шуд.
Бозии дастаҳо шоми 8 апрел дар шаҳри Риёз, варзишгоҳи шоҳ Фаҳд барпо гардида, бо ҳисоби 2:3 поён ёфт.
Ду голи ҷониби “Истиқлол”- ро дастаҳои Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбак Муҳаммад Исаев заданд.
Се голи тими "Ар-райян" - ро бошад, Ёсин Браими, Йохан Боли (2) ба щадаф расонидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 "Истиқлол" рӯзи сешанбеи 11 апрел бо бошгоҳи "Шарҷа" (АМА) бозӣ мекунад.
Завтра сборная Таджикистана узнает соперников в отборочном турнире кубка Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Тоҷикистон Қирғизистонро шикаст доду ҷои сеюм гирифт
Дастаи футболи "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 шомили гурӯҳи "А" буда, дар он ҷо бо дастаҳои футболи "Аш-шарҷа", "Ал-ҳилол" ва "Ар-райян" рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд.
Ҳайати "Истиклол" дар нахустин рақобат чунин буд: Рустам Ятимов, Темур Партсвания (Искандар Ҷалилов, 72), Аҳтам Назаров, Никита Чичерин, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шервони Мабатшоев, Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммад Исаев, Эрик Бокум, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 90).
Лентаи хабарҳо
0