Захарова гуфт, ки "YouTube" барои худ ҳукм имзо кард

© Sputnik / Рамиль СитдиковЛоготип видеохостинга YouTube
Логотип видеохостинга YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Google шабакаи Думаи давлатӣ дар "YouTube"-ро масдуд кард. Барои парлумони Русия ин иқдом ғайримунтазира набуд, бинобар ин фазоҳои дигареро баргузид.
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Захарова русҳоро аз масдуд шудани "YouTube" дар ин кишвар ҳушдор дод.
"YouTube" ҳукми худро имзо кард, гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар "Telеgram".

"Муҳтаворо ҳифз кунед, онро ба платформаҳои Русия интиқол диҳед. Ва зуд", - маслиҳат дод ӯ.

Имрӯз маълум шуд, ки "Google" "YouTube-канал"-и "Дума ТВ"-ро масдуд кардааст, ки аз тариқи он шарҳҳои истисноии вакилон ва ҷаласаҳои парлумонро пахш мекарданд.
Палатаи поёнӣ қайд кард, ки онҳо ба ин омода буданд ва бинобар ин дигар роҳҳоро пайдо карда буданд.
"Роскомнадзор" дар навбати худ талаб кард, ки дастрасӣ ба ин канал барқарор шавад.
Facebook фэйсбук лого - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Додгоҳ "Facebook" ва "Instagram"-ро дар Русия бо ҷурми ифротгароӣ манъ кард
Ин ниҳод қайд кард, ки "Google" дар ҷанги иттилоотие, ки Ғарб оғоз кардааст, зидди Русия мавқеъгирӣ ва ҳамчун як платформаи калидӣ барои паҳн кардани маълумоти қалбакӣ, табъиз нисбат ба манбаъҳои расмии Русия амал мекунад.
Дар посух ба ин "Роскомнадзор" рӯзи 7 апрел паҳн кардани таблиғоти "Google" ва манобеи иттилоотии ин ширкатро ба далели нақзи зиёди қонунҳои Русия мамнуъ кард.
Тадбирҳо ба "Google Search", "Google Play", "YouTube", "YouTube Music", "Google Chat" ва "Gmail" дахл доранд, ки то ислоҳи қонуншиканиҳо амал мекунанд. Акнун системаҳои ҷустуҷӯӣ бояд ба корбарони интернет хабар диҳанд, ки ин платформаҳо қонунҳои Русияро вайрон мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
"Сарвари сиёсӣ дурӯғ мегӯяд". Равишҳои Гебелс ҳанӯз мавриди тақозои Ғарбанд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0