"Аллигатор" -ҳои Русия мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро хокистар намуданд - видео

Обуна шудан
Хизматчиёни ҳарбии артиши Русия ба ҳадаф зарбаҳои дақиқ заданд ва аслиҳаи Украинаро тирборон намуданд
Чархболҳои ҳамлаи Русия Ка-52 "Аллигатор" корвони мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро нобуд карданд. Навори ин задухӯрдро Вазорати дифои Русия нашр кардааст.
Рақами силсилавӣ собит кард, ки мушаки ба Краматорск партобшуда, аз нерӯҳои Украина буд
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна мушакҳои идоранашавандаи С-8 бо калибри 80 мм ба тирдони чархбол пур карда мешаванд. Баъд нишон дода мешавад, ки "Аллигатор"-ҳо дар баландии камтар аз ҷангале парвоз ва ҳадафҳоро мунҳадим мекунад.
"Халабонҳо ҷуфт-ҷуфт амал карда, корвони таҷҳизот ва дастгоҳҳои зиддиҳавоиро нобуд карданд", - гуфта мешавад дар хабари Вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0