Иқтисоддони фаронсавӣ суқути доллар нисбати рублро пешгӯӣ кард

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як коршиноси масоили иқтисодӣ эълон кардааст, ки талоши инзивои Русия раванди дасткашӣ аз долларро суръат мебахшад
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Александр Дел Валл, сиёсатшинос ва иқтисоддони фаронсавӣ дар мақолае барои маҷаллаи "Valeurs actuelles" навиштааст, талоши ИМА барои инзивои Русия боиси поин рафтани қурби доллар нисбати рубл ва юани чинӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи вай, тасмими Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон дар бораи пардохти пули газ бо рубли русӣ нишонаи оғози ихтилофот дар Иттиҳодияи Аврупо вобаста ба равобити кишварҳои аврупоӣ бо Маскав аст.
“Ин раванд (сиёсати зиддирусии Иёлоти Муттаҳида) хатари поин рафтани қурби доллар нисбати рубл ва юани Чинро дар пайи дорад, ки ҳатто Арабистони Саудӣ ҳам розӣ шуд, нафташро ба юани чинӣ фурӯшад. Шояд баназдикӣ мафҳуми "нафти доллар" хотима ёбад”, - гуфт Дел Валл.
Здание Государственной Думы РФ на улице Охотный ряд в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Пешниҳод аз парлумони Русия: Содироти газро ба Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ кунед
Коршинос бар он аст, ки идомаи харидории гази Русия аз сӯйи кишварҳои аврупоӣ ва суботи равобити тиҷорӣ бо Чин, Бразилия, Ҳинд, кишварҳои арабӣ ва африқоӣ ба эҳёи қурби рубл пас аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав мусоидат мекунад. Ҳамчунин тавре ӯ тавзеҳ дод, болоравии қимати нафту гази табиӣ ба Русия воридшавии доимии асъори хориҷиро таъмин мекунад.
"Маҳз кӯшиши дар инзиво гузоштани Русия аст, ки тасреи даст кашидан аз доллар ва дур шудан аз Ғарбро бештар мекунад ва ба раванди сиёсати бисёрқутбӣ боз ҳам суръат мебахшад", - хулоса кард сиёсатшинос.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0