Вазорати хориҷаи толибон: Сафорати Афғонистон дар Маскав ба дипломатҳои мо супорид шуд

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксМазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ "Талибана"
Мазари-Шариф под контролем запрещенного в РФ Талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сухангӯи гурӯҳи толибон аз супурда шудани сафорати Афғонистон дар Маскав ба дипломатҳои ин гурӯҳ хабар дод
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи толибон ахиран дар "Твиттер" навишт, ки сафорати Афғонистон дар Маскав ба дасти дипломатҳои ин гурӯҳ супурда шуд.
Вай афзуд, гурӯҳи толибон ба Ҳукумати Русия барои қабули дипломатҳояшон изҳори сипос карда ва хостори равобити дуҷонибаи миёни ду кишвар шудааст, ки дар расонидани хидмати саривақтӣ ба шаҳрвандони Афғонистон дар ин кишвар нақши хубе хоҳад дошт.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфта буд, ин вазоратхона ёддошти катбӣ барои сафорати Афғонистон ирсол карда, дар оянда Маскав кордори муаррифишуда аз сӯйи толибонро ба расмият мешиносад.
Бояд қайд кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нахустин видео аз сафорати Афғонистон дар Маскав пас аз супурдани он ба дипломатҳои ҳукумати толибон нашр шуд.
Дар ин видео Ҷамол Носир Гарвол, намояндаи толибон дар умури Афғонистон дар Русия бо парчами Имороти Исломӣ дохили сафорат мешавад.
Лентаи хабарҳо
0