Бонки миллӣ ба "Ташкилоти суғуртавии сипаҳр” то соли 2025 иҷзотномаи фаъолият дод

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба "Ташкилоти суғуртавии сипаҳр” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 иҷозатнома додаанд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дафтари матбуотии Бонки миллӣ хабар додааст, ки қарори раёсати Бонки миллӣ дар ин бора ахиран ба имзо расидааст.
Бонки миллӣ хабар додааст, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва низомномаи БМТ дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба ҶДММ "Ташкилоти суғуртавии сипаҳр” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 иҷозатнома дода шуд.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Бонки миллӣ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
Иҷозатномаҳои ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии сипаҳр”, ки бо қарорҳои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2020 барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ идораи назорати суғуртавиро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор кард.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, дар қаламрави Тоҷикистон 19 ширкати суғурта фаъолият дорад, ки бузургтаринаш КВД "Тоҷиксуғурта", КВДС "Тоҷиксармоягузор" мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0