Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Боррел аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки ба Украина силоҳ бидиҳад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПленарная сессия Европарламента
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари дипломатияи аврупоӣ аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ба Украина аслиҳаеи дархосткардаашро, бидиҳад ва барои ин муҳлат муқаррар кард
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Роҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват мекунад, ки ба таври фаврӣ ба Украина аслиҳаи дархосткардаашро бидиҳанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба "Bloomberg" хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъҳо, Боррел ба дипломатҳои аршади Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки тасмим бояд "дар давоми рӯзҳо, на ҳафтаҳо" қабул шавад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Танк Т-14 Армата  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Украина танкҳои комилан навро таслими артиши Русия карданд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Русия ба Украина беш аз даҳ ҳазор тонна бори башардӯстона интиқол дод
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0