Чаро дар фазои Русия ҳавопаймои ҷангии НАТО ҳадаф қарор нагирифт?

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксМногоцелевой истребитель Eurofighter Typhoon FGR 4
Многоцелевой истребитель Eurofighter Typhoon FGR 4  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳузури нерӯҳои ҳавоии НАТО дар наздикии марзҳои Русия барои Аврупо хатари доимист ва ҷаҳонро таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Айни замон ИМА танҳо бо шарикони худ пушти “сипари инсонӣ” барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки “гегемонизм”-и низомию иқтисодӣ паноҳ мебаранд.
Сербистон аз Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) маълумот дар робита ба ҳодисаи ҷангандаи “Eurofighter” ва як ҳавопаймои мусофирбарии “Air Serbia” иттилоъ дархост кардааст.
Рӯзи 6 апрел як ҷанганда, ки эҳтимолан аз нерӯҳои НАТО буд, бо истифода аз як ҳавопаймои ғайринизомӣ ҳамчун сарпӯш вориди ҳарими ҳавоии Русия шуд. Бо ин иқдом ба мусофирони ҳавопаймои “Air Serbia”, амнияти Латвия ва Русия таҳдид кард ва эҳтимоли барои муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва НАТО дар минтақаи Балтикаро ба вуҷуд овард.
Бывший президент США Билл Клинтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Клинтон: Ба Путин ва Елтсин пешниҳод карда будам, ки Русия узви НАТО шавад
Александр Вучич, раисиҷумҳури Сербистон ба Брюссел суолҳои нороҳаткунанда дод: “Ин кист ва бо кадом ҷангандаҳо ба ҳавопаймоҳои мусофирбар ва парвози мусофирони таҳдид мекунад? Шояд ин тасодуфан сурат гирифта бошад, бигзор дар бораи нуқтаи дақиқе, ин ҳавопаймо аз онҷо пайдо шудааст, бигӯянд”.
Нигаронии роҳбари Сербистон комилан асоснок аст - таҳдид ва сигналҳо дар бораи бомбгузорӣ шудани парвозҳои Air Serbia аз Белград ба Маскав ва Санкт-Петербург тақрибан ҳамарӯза гирифта мешаванд. Шояд касе дар НАТО воқеан мехоҳанд, ки дар фазои Русия барои таҳияи ташаббус дар самти Украина ҳавопаймои сербиро нобуд кунанд.
Чанде пас аз убури сарҳади Латвия ва Русия, маркази назорати парвозҳо халабонҳои “Air Serbia”-ро аз таҳдид ҳушдор дод ва халабонҳои ҳавопаймои мусофирбар ба таври дидорь як ҷангандаи НАТО-ро муайян карданд, ки тақрибан 700 метр поёнтар парвоз мекард.
Ман боварӣ дорам, ки нерӯҳои дифои ҳавоии Русия низ вайронкорро дар радарҳои худ хуб мушоҳида мекарданд, аммо ба сабаби наздик будани ҳавопаймои Сербистон, ки дар нисбат ба ҳавопаймои ҷангӣ мавҷи электромагнитӣ ва гармӣ бартар дошт, натавонистанд ҳадафро аз байн бубаранд. Кулоҳакҳои мушакҳои зидди ҳавоӣ ҳадафҳои бузургтарро интихоб мекунанд.
Военнослужащие народной милиции ДНР проводят зачистку Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Генерали эронӣ: Ҷанг дар Украина сабаби коҳиши қудрати Амрико, НАТО ва Аврупо шуд
Дар доираи миссияи НАТО, ҳавопаймоҳои ҷангии Испания дар моҳи апрел фазои Балтикро назорат мекунанд, ки пештар як мушаки низомии AMRAAM-ро иштибоҳан аз фазои Эстония партоб карда буданд, ки қариб як ҳавопаймои низомии Фаронсаро сарнагун мекард. Рӯзи 6 амперл игвогарии ба накша гирифташуда, хунукназарии касбӣ ва ё ташдиди баҳорӣ матавонист боиси пардохти ҳангуфт барои халабонҳои-тореадор” шавад.

Тактикаи "сипари инсонӣ"

Ҷангадаҳо зери пушиши ҳавопаймоҳои мусофирбар ва қисми чангӣ бо мардуми ғайринизомӣ тактикаи деринаи Пентагон, НАТО ва дигар шарикон мебошад. Ҳамин тавр, аз "сипари инсонӣ" сарбозони украинӣ ба таври васеъ истифода мекунанд.
Мисолхо зиёд ҳастанд. Барои мисол моҳи октябри соли 2021 чаҳор ҳавопаймои F-16-и исроилӣ зери ду ҳавопаймои мусофирбар пинҳон шуда вориди хоки Сурия шуданд ва нерӯҳои зиддиҳовоии ин кишвар натавонистанд онҳоро ҳадаф қарор диҳанд. Сипас нерӯҳои ҳавоии Исроил ба ҳарими ҳавоии Сурия дар вилояти Ҳумс ворид шуда, ба як корхонаи фосфат дар минтақаи Палмира ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд.
Бо вуҷуди ин, як фарзияи дигар вуҷуд дорад, ки ҳадаф нобудсозии ҳавопаймоҳои мусофирбаре, буд аз Дубай ба Бейрут парвоз мекард. Ин иқдом метавонист ба бад шудани муносибатҳои Сурия ва Арабистон ва Лубнон мусоидат кунад.
Спикер Государственной думы РФ Сергей Нарышкин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Наришкин: НАТО мехоҳад Украинаро барои Русия мисли Афғонистон кунад
Қаблан халабонҳои исроилӣ бо мушакҳои ҳушманд ба аҳдофи Сурия дар наздикии шаҳри Латакия, ки зери як ҳавопаймои Ил-20-и Русия пинҳон шуда буданд, зарба заданд ва он аз сӯйи системаҳои дифои ҳавоӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт. Ҳавопаймои Ил-20 бо мушаки зидди ҳавоии Сурия S-200 нобуд карда шуд, дар ин ҳодиса 15 низомии Русия кушта шуд.
Ҳарчанд як ҳавопаймои НАТО ҳақ надорад, ки дар масири ҳавопаймоҳои мусофирбар (боло ва поён) парвоз кунад. Бархӯрди хатарноки ҳавоӣ миёни ҳавопаймоҳои низомӣ ва мусофирбар ҳодисаи ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳадафи эҳтимолии "таҷрибаи фаромарзӣ"-и НАТО Eurofighter дар моҳи апрел таҳияи технологияи рахна кардани дифои ҳавоии Русия ва эҷоди як "долон" барои нобуд кардани минтақаҳои стратегӣ дар умқи қаламрави кишвар аст. Аз хамин сабаб , нерӯҳои НАТО солҳо боз дар баландии такрибан 150 метр дар ҳавзаи Балтика пинҳонӣ парвоз мекунанд. Ба хамин максад ба наздикӣ дар кишварҳои ҳавзаи дарёи Балтика, дар масофаи 170 километр аз сарҳадҳои Русия ва Беларус бузургтарин пойгоҳи ҳавои Лиелварде ифтитоҳ шуд.
Флаги стран участниц у штаб-квартиры НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
NYT аз ихтилофи назар дар НАТО бар сари равобити оянда бо Маскав мегӯяд
Ба талошҳои пинҳонии вуруди нерӯҳои ҳавоии НАТО ба ҳарими ҳавоии Русия чӣ муқобилият кардан мумкин аст? Назорати ҳар як ҳавопайоми мусофирбар дар наздикии марз аз сӯйи Нерӯҳои ҳавоии Русия имконпазир аст, аммо ин на даҳҳо, балки садҳо парвозҳоро талаб меукунад.
Шояд ҷангандаҳои НАТО дар ин ҷо як "шикофие"-ро барои ҳамла мебинанд. Гузашта аз ин, ҷангандаи Eurofighter-и радаргурез аст, 50 дарсади ин ҳавопаймо аз полимери тақвиятшуда бо алиёфи карбон ва фойберглос сохта шуда, 70 дарсади рӯи онро масолеҳи радаргурез пушида шудааст. Ин ҳавопаймо дорои 4 мушаки миёнапарвози AIM-120 AMRAAM (то 160 км), доираи ҷангӣ беш аз 1000 км ва метавонад то 6,5 тонна лавозимоти ҷангӣ бо худ бигирад.
Таҳлилгарони Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии стратегии Бритониё (IISS, Лондон) ба саволи стратегҳои НАТО дар бораи имкони ҳамлаин нерӯҳои НАТО бидуни назорати нерӯҳои зиддиҳавоии Русия барои расонидани зарбаи мушакӣ ва бомбпартоӣ дар умқи қаламрав посух дод:
"Имкониятҳои НАТО барои убури марзи Русия кифоят намекунанд, ҳатто агар тамоми нерӯҳо барои ин дар як минтақа тамаркуз карда шаванд".
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ҳушдори Рогозин ба НАТО: Фаромӯш накунед, ки мо аз кайҳон шуморо назорат мекунем
Барои фаҳмидани он, "Тӯфони биёбонӣ" аз ҷониби беш аз 4000 ҳавопаймои НАТО оғоз шуд (нерӯҳои зиддиҳвоии Ироқро нобуд карданд), Югославия дар соли 1999 аз ҷониби тақрибан 1000 ҳавопаймо зери ҳамлақарор гирифт ва ҳатто Либияро да давоми чандин моҳ бештар аз 300 ҷангандаи ИМА ва НАТО нобуд сохтанд.
Дар ҷараёни як амалиёти вижаи низомӣ дар Украина халабонҳо ва воҳидҳои дифои ҳавоии Русия садҳо ҳавопаймои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар тӯли ду рӯз бо суръати бесобиқа дар таърих нобуд карданд. Ҷуръати ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО дар наздикии марзҳои Русия аз лиҳози технологӣ беасос буда, метавонад ташануҷи ошкор сурат бигирад, ба он шарикон ҳанӯз омода нестанд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0