Барои ғалаба бар Русия Олмон бо тақдири иқтисоди худ бозӣ мекунад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкВид на Бранденбургские ворота
Вид на Бранденбургские ворота  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Ҷанги иқтисодии Ғарб алайҳи Русия ба марҳалаи доғ ворид мешавад. Мухолифон дигар ба як дигар баҳс надоранд. Онҳо дар бораи таҳримҳо росташро мегӯянд, ки таҳримҳо мисли stingers ва panzerfausts силоҳ мебошад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik, Виктория Никифорова. Аз суратҳисобҳо ба таври ошокоро пулҳои мо, хонаҳои дар Аврупо ва расмҳо аз намоишгоҳҳородуздӣ мекунанд. Онҳо бесаброна мунтазири бояз як сохтакории хунини украинӣ ҳастанд, то ҳамлаи ҷадидро мувофиқат кунанд.
Вундерваффе дар ин ҷанг, ҷойгузини иқтисодии "Бертаи бузург" аст, ки дар мувофиқаи дастаҷамъи кишварҳои Иттиҳодяи Аврупо аз харидани газу нафти Русия даст хоҳанд кашид. Аммо чизе нодуруст рафт. Барои америкоиён аз манобеи энержии мо даст кашидан осон аст, онҳо захираи бисёр доранд. Аврупо аз камбудӣ энержӣ ранҷ мекашад дар дигар мавкеъ қарор дорад. Хавфҳои асосиро локомотиви иқтисоди Иттиҳоидияи Аврупо – Олмон бар дӯш мегирад.
“Ин як фалокате хоҳад буд — хамагӣ як-ду мох пеш тасаввур карда намешуд, аммо имрӯз тамоман воқеият дигар шудааст ”, — чунин шарҳ медиҳад эҳтимоли бастани гази русиро соҳиби як ширкати электротехникии Олмон.
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Дар Олмон давраи ҳадди ақали вобастагӣ аз гази Русия эълон шуд
Вай махсусан аз рӯзноманигорони рӯзномаи "Guardian" хостааст, ки на номи ӯ ва на номи ширкаташ дар матбуот зикр нашавад. (Албатта, чунин андешаи ҷиноятнок ба фоидаи будани таҳримҳои зидди Русия шак меорад.) Соҳибкор иқрор шуд, ки бидуни гази Русия ва ҳамчунин никелу алюминий ширкати садсолааш дар як лаҳза муфлис мешавад.
"Рӯзи X"-ро олмонҳо ҳамон рӯзе медонанд, ки кишварашон воридоти гази Русияро қатъ намоянд. Барои Олмон дар як сол панҷоҳ миллиард метри мукааб газ, барои Русия дусад миллион евро дар як рӯз – ҳамин аст қимати масъала. Аммо ин танҳо ибтидои кор аст. Тамоми саноати Олмон зери хатар буд ва маҳз Олмон тамоми иқтисоди Иттиҳоди Аврупоро ба пеш мебарад.
Қиссаи аҷиби таърихӣ. Корпоратсияҳои афсонавии Олмон - Krupp ва Thyssen, Bauer ва BASF - ҳам дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ва ҳам дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бомуваффақият сарватманд шуданд. Чунин ақида вуҷуд дорад, ки онҳо дар таҳрики онҳо иштирок мекардаанд - ҳоло ҳам, чунин тиҷорат вуҷуд дорад. Пас аз шикасти навбатии давлати Олмон, ҳамаи ин корпоратсияҳо ному роҳбарони худро иваз карданд ва фаъолияти худро бомуваффақият идома доданд. Инсоният кушиш мекард, ки ба хотир наёрад, ки миллионхо сарбозони Шӯравӣ аз силоҳи истеҳсолкардаи ширкати Krupp ҳалок шудаанд ва ширкати Bauer таҷрибаҳои инсониро дар конслагерҳои фашистӣ сармоягузорӣ мекард. Ин як лаҳзаҳои хурд дар ҳаёт буданд. Аммо ҳеҷ гоҳ бузургтарин корпоратсияҳои Олмон мисли имрӯз дар ҷанги иқтисодӣ бар зидди Русия хавф надошта буданд.
Канцлер ФРГ Олаф Шольц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Шолтс гуфт, кай Олмон аз харидории гази Русия даст мекашад
Олмон дар сурати қатъ шудани интиқоли газ аз Русия аллакай се нақшаи амал таҳия кардааст. Дар ҳар кадоми онҳо афзалияти таъмини нерӯи барқ ​​ба беморхонаҳо ва истеҳсолоти дорусозӣ дода мешавад. Минбаъд биноҳои истиқоматии мардуми Олмон ба хотири Украина сард хоҳанд шуд, аммо ба ҳар ҳол то марг намерасад. Интиқоли газ ба тиҷорат пеш аз ҳама қатъ мешавад. Оянда чӣ мешавад?
Истеҳсолот муфлис мешавад, миллионхо одамон бекор мемонанд. Ҳамаи ин дар пасманзари боло рафтани нархи нерӯи барқ, ғизо ва иҷораи манзил аст. Агар бо одоб гӯем, бузургтарин иқтисоди Аврупо дар таназзул қарор дорад. "Рости гап," сарвари BASF Мартин Брудермюллер ба Guardian гуфт, "ин метавонад ба бадтарин бӯҳрон пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ оварда расонад ва шукуфоии моро хотима диҳад."
Хуб, Русия шояд дар ин ҷо вундерваффи худро истифода барад ва бидуни мунтазири олмониҳо, гази онҳоро мустақилона қатъ кунад. Ин иқдом аллакай дар Думаи давлатӣ пешниҳод шуд. Ин барои Олмон чӣ маъно дорад?
Албатта, соҳибкорони муфлисшуда ва олмониҳое, ки аз кор маҳрум шудаанд, ба зудӣ ба кӯчаҳо мебароянд. Аммо дар он ҷо гурезаҳои украинӣ онҳоро интизоранд ва онҳо шарҳ медиҳанд, ки чаро гурусна мондан ва ях кардан лозим аст. Ва агар онҳо ноком шаванд, нерӯҳои амниятӣ ворид мешаванд. Полис бо саг, мошинҳои обпошӣ, гази ашковар - дар солҳои охир, Аврупо барои пароканда кардани ҳама гуна эътирозҳо, ҳатто бузургтарин намоишҳо тамрин кардааст. Эътирозҳо бераҳмона пахш карда мешаванд, то шаҳрвандон худро ба кӯчаҳо накашанд.
Канцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Дар Олмон Шолтсро барои оҷиз будан назди фишорҳои Амрико маҳкум карданд
Вазъро “даъвати тирамоҳӣ”-и муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Африқо ва Осиё боз ҳам мураккабтар хоҳад шуд. Онҳо ба таҳдиди гуруснагӣ дучор мешаванд ва ба Аврупои меҳмоннавоз, пеш аз ҳама ба сӯйи Олмон фирор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки олмониҳо низ бояд бо муоҷирони нав омада ғизову кӯмакпулиҳои бекориро низ тақсим кунанд. Агар як олмонӣ бар зидди ин эътироз кунад, худи муҳоҷирон болои ӯ ҳамла мекунанд. Ин барои онҳо оддист.
Муддате, ки ҳукумати Олмон оташи хашму ғазаби мардумро бо пул пур карда метавонад. Аммо чопхона аз соли 2020 бо иқтидори пуррааш кор мекунад, таваррум дар минтақаи евро аллакай тамоми рекордҳоро шикастааст. Ин асъор дар як сол ба чӣ мубаддал мешавад?
Маълум аст, ки аз сиёсатмадорони олмонӣ чизе интизор шудан ғайириимкон аст. Онҳо фармонҳои аз Вашингтон омадаро иҷро мекунанд. Аммо чаро тиҷорати афсонавии Олмон, зебоӣ ва ифтихори иқтисоди ҷаҳонӣ хомӯш аст? Капитанҳои он аллакай “Маҷрои Шимолӣ-2”-ро супурдаанд ва ҳоло аз чизи нофаҳмо сухан мекунанд.
Гап сари он аст, ки як қисми зиёди тиҷорати Олмон дар бозорҳои Иёлоти Муттаҳида хариду фурӯш мекунад. Аз воситаҳои онҳо истифода карда, Вашингтон метавонад аз капиталистони олмонӣ тамоми чизро талаб кунад — ҳатто ба муқобили девор худкушӣ кунад. Ин сарватмандтарин бозор дар чахон аст, фоидааш аён аст. Олмониҳо метавонанд нохоҳ аз Русия берун шаванд, аммо аз даст додани як истеъмолкунандаи амрикоӣ барои онҳо ба монанди марг аст.
Компрессорные станции Казачья и Русская в Краснодарском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Песков гуфт, агар Аврупо аз пардохти пули газ бо рубл даст кашад, онро ройгон намедиҳанд
Боз як умеди олмониҳо ба мақоли қадим “агар фарбеҳ лоғар шавад, борик мемирад”. Маҳз Русияро дар ин ҷо "лоғар" таъин кардаанд. Онҳо интизор доранд, ки иқтисоди мо пеш аз иқтисоди Олмон вайрон мешавад. Ба дигар харидорон интиқол додани манобеи энержӣ сармоягузориҳои навро талаб мекунад. Баландшавии нарху наво ва бекорӣ боиси нооромиҳои иҷтимоӣ мегардад.
Олмон орзу дорад, ки дар натиҷаи ҷанги иқтисодӣ, Русия пош мехурад, силоҳи ҳастаии худро таслим мекунад ва сипас гази Русия (инчунин нафту никел, алюминий ва алмос) ба таври умум “бепул” ба Олмон меравад. Ин тӯҳфаи таъсирбахш аст, ки барои мубориза бурдан арзанда аст! Дар хонаҳо сард хурдан, ҳамом нагирифтан ва аз гушти гов ба малах гузаштан.
Тааҷҷубовар нест, ки аҳолии Аврупоро муддати тӯлонӣ бо кӯмаки духтарак Грета Тунберг таълим медоданд. Имрӯз маълум мешавад, ки ин миллиарди тиллоӣ барои мубориза бо Русия омода шудааст.
Насиҳатҳои беҳтарин доктор Геббельсро имрӯз расонаҳои аврупоӣ таҳти назорати ТНК-ҳои аврупоӣ бар ҷо меоранд.
Роҳбарони консернҳои машҳури олмонӣ ҳамватанони худро ба оташи чанги иктисодӣ партофта, мисли ҳарвакта орзу мекунанд, ки аз оқиб нишинанд. Бале, тиҷорати хурду миёна дар Олмон пас аз қатъи интиқоли газ аз Русия амалан мурдааст. Аммо корпоратсияҳо роҳҳои амн доранд. Онҳо нақша доранд, ки афзоиши хароҷотро бар души истеъмолкунандагони худ гузоранд. Аммо то ба кай онҳо нархро боло бурда метавонанд ва ин бо харобии пурраи онҳо анҷом мешавад?
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2022
Аврупо дар ҳайрат! Нархи газ беш аз 3800 доллар шуд
Аслан, “Сталинград”-и иқтисодие, ки дар пеши назари мо боз мешавад, ҳатто зиддияти байни кишварҳо нест, он бархурди ду арзиш аст. Нисбатан, газ бар зидди доллар ва ё захираҳо бар зидди асъор мубориза мебарад.
Русия аз лиҳози захираҳо мавқеи хуб дорад. Агар лозим шавад, худамонро хурондаву пӯшонида метавонем. Бале истифодаи чизеро метавон аз даст дод. Аммо соли 2014 дар ёдам ҳаст, дар кишвар як нолаи даҳшатнок дар бораи Хамон буд. Хайр чӣ? Бе Хамон зиндагӣ пешрафт. Мебинем, корҳо дар оянда чигуна пеш мераванд, аммо ҳоло ҳамааш хуб аст.
Дар Олмон, иқтисоде дорад, ки ба мо онро ҳамчун намуна муаррифӣ мекарданд. Технологияи баланд, истеҳсолоти саноатӣ, хизматрасонӣ, ҳама чиз хуб аст. Як мушкил камбуди шадиди энержӣ. Қатъи газ – тамоми сохтори мураккаби чандинасраро мисли хона аз корт хароб мешавад ва иқтисодҳои дигар кишварҳои Аврупоро низ бо худ ба умқи дарё мекашонад.
“Сталинград”, албатта, факат истиора аст. Аммо набардҳо дар ҷанги иқтисодӣ метавонад аксари одамонро ҳатто бадтар аз набардҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бикушанд.
Лентаи хабарҳо
0