Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров ҳадафи дигари амалиёти вижаи Русия дар Украинаро ошкор кард

© МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маскав бо анҷом додани амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс як қатор ҳадафҳои муҳимро пайгирӣ мекунад: дар байни онҳо на танҳо ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина мебошад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳадафи дигари амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт.
Иқдомоти Маскав барои поён додани густариши бепарвоёнаи ИМА ва масири он дар самти султагароӣ дар ҷаҳон тарроҳӣ шудааст, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия дар пахши телевизионии "Россия 24".
Вай таъкид кард, ки Вашингтон "бо нақзи дағалонаи ҳуқуқи байналмилалӣ" султа эҷод месозад ва "аз ҳолат ба ҳолат" қоидаҳои худро таҳия мекунад.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Амалиёти вижа дар Украина то охир идома меёбад
Қаблан котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта буд, ки яке аз ҳадафҳои аслии амалиёти вижаи Маскав дар Украина наҷоти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва барқарории давлатдории онҳо дар марзҳои соли 2014 аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина ҳарфе нест, таъкид кард президенти Русия.
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳадафи нави амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шуд
Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти вижаро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш додаанд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев чаҳор даври гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом доданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Ба ҷонибҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо созиш ҳосил кунанд.
Лентаи хабарҳо
0