Лавров гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ ба фишор итоат намекунад

© МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ ба фишор итоат намекунад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Русия ҳеҷ гоҳ ба фишор итоат намекунад, гуфт, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.

"Русия, албатта, бо таърих, бо анъанаҳои худ, аз ҷумлаи он кишварҳост, ки ҳеҷ гоҳ мавқеи итоаткунандаро ишғол намекунад. Мо метавонем танҳо дар шароити баробари амнияти тақсимнашаванда узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем", - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо телевизиони "Россия 24".

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Русия ба Украина беш аз даҳ ҳазор тонна бори башардӯстона интиқол дод
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0