Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои мусаллаҳи Русия урдӯгоҳи пойгоҳи "Сектори рост"* дар Донетскро тахриб карданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксРазбитая техника ВСУ в районе Северодонецка
Разбитая техника ВСУ в районе Северодонецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати мудофиаи Русия аз маҳв шудани як пойгоҳи созмони миллатгароёни украинии "Сектори рост"* хабар дод
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков дар брифинге гуфт, мушакҳои дақиқзани баландпарвози ҳавоӣ дар вилояти Донетск лагери пойгоҳи созмони миллатгароёни украинии "Сектори рост"*-ро нобуд карданд.

"Дар наздикии деҳаи Новогродовкаи вилояти Донетск лагери ташкилоти террористии фашистони "Сектори рост" нест карда шуд", - гуфт вай.

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Народная милиция ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Бандари Мариупол таҳти назорати ҶМД қарор гирифт
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.
* созмони терроистии мамнуъ дар Русия
Лентаи хабарҳо
0